(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори прокуратураи шаҳри Хуҷанд ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр баргузор гардид.

Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр, прокурори шаҳри Хуҷанд, мушовири адлияи дараҷаи якум Бахтиёр Нозимзода ҷаласаро ҳусни оғоз намуда, иттилоъ дод, ки дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр аъзоёни Шӯро, муовини аввали Раиси шаҳри Хуҷанд, роҳбарони сохторҳои дахлдори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, кормандони БДА, муассисаҳои роҳдорӣ ва шуъбаи Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти “Хуҷанд, роҳбарони ширкатҳои нақлиётӣ, муассисаҳои таълимии ронандатайёркунӣ ва дигар шахсони масъул ҳузур доранд. Раиси Шӯро Бахтиёр Нозимзода зикр дошт, ки дар ҷаласа масъалаи «Вазъи риоя ва иҷрои Қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо, содиршавии садамаҳои нақлиётӣ ва таҷрибаи амалияи маъмурӣ ва тафтишотӣ - судии ин қабил ҷиноятҳо дар давраи солҳои 2023-2025 дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд” мавриди баррасӣ қарор дода мешавад. Таъкид шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди соҳаи нақлиёт тамоми шароитҳоро муҳайё намуда, солҳои охир аксари роҳҳои автомобилгарди чумҳуриро таъмиру таҷдид намуд. Бо дарназардошти паст гаштани сатҳи камбизоати талаботи мардум ба хариди воситаҳои наклиёт бештар гардида, сол аз сол шумораи онҳо дар роҳҳои автомобилгард зиёд гардида истодааст. Дар баробари ин, мутассифона дар таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ҳам дар фаъолияти масъулини соҳа ва ҳам худи иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ камбудию қонунвайронкуниҳо ҷой доранд, ки боиси садамаҳои нақлиётӣ ва дигар ҳодисаҳои нохуш мегардад. Имрӯзҳо дар роҳҳои шаҳри Хучанд, ки яке аз шаҳрҳои калонтарини ҷумҳурӣ ва маркази маъмурии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад, тамбашавии воситаҳои нақлиёт, риоя нагардида қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, вазифаҳои хизматии худро ба таври дахлдор иҷро накардани масъулини соҳа, паст будани маърифати ҳуқуқии иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ чой доранд, ки бояд ҷиҳати бартараф намудани онҳо чораҳои таъхирнопазир андешид. Сипас, ёрдамчии калони прокурори шаҳри Хуҷанд, Парвиз Назарзода доир ба мавзуъи матраҳшуда баромада намуда, аз ҷумла афзуд, ки зимни таҳлилу санҷиш ва ҷамъбаст ба ҳолатҳои риоя ва иҷрои қонунгузориҳо оид ба таъмини қоидаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳҳо, тадбирҳои андешидаи масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, бозрасии давлатии автомобилӣ ва дигар мақомоти давлатии масъул ҷиҳати таъмир ва тармими роҳҳо, мавҷудияти аломатҳои роҳ, таъмин бо чорағакҳои роҳнамо, пешгирии садамаҳои роҳу нақлиётӣ, сабаб ва омилҳои зиёдшавии садамаҳои нақлиётӣ, аз ин бо оқибатҳои ҳалокатовар, пешгирии сабабу омилҳои тамбашавии воситаҳои нақлиёт, амалияи барасмиятдарории маводҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ диққат дода шуд. Муайян гардид, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, бахши нақлиёт ва коммуникатсияи он, корхонаи давлатии “Истифодабарии роҳҳо”-и шаҳри Хуҷанд, шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва шуъбаи Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти “Хуҷанд” асосан фаъолиятро тибқи қонунгузориҳои соҳавӣ ба роҳ монда, баҳри таъмиру тармими 164,9 км роҳҳои нақлиётии шаҳр, бо аломатҳои роҳ ва чорағакҳои роҳнамо таъмин намудан, пешгирӣ кардани садамаҳои роҳу нақлиётӣ, риояи ҳатмии талаботи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои шаҳр аз ҷониби ронандагон ва дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳҳо, инчунин барои пешгири кардани ҷиноятҳо вобаста ба садамаҳои нақлиётӣ дар давраи соли 2023-2024 ва 10 моҳи соли 2025 корҳои муайянро ба анҷом расонидаанд. Аз ҷумла, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд барои таъмиру тармим ва азнавсозии роҳҳои нақлиётгард ба Корхонаи давлатии “Истифодабарии роҳҳо”-и шаҳри Хуҷанд дар асоси нақшаи қабулгардидаи буҷети шаҳр дар давоми соли 2023 ба ҷойи 2 млн. сомонӣ воқеан 3,2 млн. сомонӣ, дар давраи соли 2024 ба ҷойи 3 млн. сомонӣ воқеан 3,3 млн. сомонӣ ва дар 10 моҳи соли равон ба ҷойи 2,7 млн. сомонӣ воқеан 2,8 млн. сомонӣ маблағгузорӣ кардааст. Баҳри пешгирии садама ва тамбашавии нақлиёт бахши нақлиёт ва алоқа дар ҳамкорӣ бо шўъбаи БДА ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва шуъбаи Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти “Хуҷанд”, мувофиқи ҷадвали кории гузаронидани амалиётҳои муштараки назоратӣ оид ба назорат ва танзими фаъолияти нақлиёти истифодаи умум, амалиёти муштарак оид ба танзим даровардани нақлиётҳои мусофиркашониро ҳар ҳафта 2 маротиба, рўзҳои чоршанбе ва ҷумъа ба роҳ мондааст. Вале, таҳлил нишон дод, ки корҳои дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти масъул ба анҷом расонидаи бахши нақлиёт ва алоқаи шаҳр басанда набуда, беасосу безарурият ифтитоҳ кардани хатсайрҳои нав ҷой дошта, тамбашавии нақлиёт пурра аз байн бурда нашуда, тармим ва таъмири баъзе минтақаҳои роҳҳои нақлиётгарди ҳудуди шаҳр ба талабот ҷавобгӯй набуда, дар бархе минтақаҳои роҳҳо аломатҳои зарурии роҳ гузошта нашудааст, ки боиси беасос тамбашавии воситаҳои нақлиёт ва зиёд содир шудани садамаҳои нақлиётӣ гардидааст. Таҳлил нишон дод, ки аз ҷониби ШБДА ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо дар 10 моҳи соли равон ҳамагӣ 10346 ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ошкор карда шудааст. Дар давоми солҳои 2023-2024 ва давраи сипаришудаи соли равон дар роҳҳои мошингарди шаҳри Хуҷанд 84 (36/35/13) садамаҳои роҳу нақлиёт ба қайд гирифта шуда, дар натиҷа 22 (10/13/9) нафар ҳалок ва 70 (25/35/10) нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд, ки боиси нигаронӣ аст. Корхонаҳои нақлиётӣ ва терминалҳои мусофиркашони шаҳр дорои литсенсия бошанд ҳам, дар мавридҳои алоҳида аз ҷониби шахсони мансабдори ҷамъиятҳо ва ронандагон ба қонунвайронкуниҳои расонидани зарар ба роҳ, гузаргоҳҳои роҳи оҳан, дигар иншооти роҳ ё воситаҳои техники танзимкунандаи ҳаракат дар роҳ, риоя накардани қоидаҳои ҳифзи минтақаҳо ва роҳҳои автомобилгард, иҷрои фаъолияте, ки иҷозатномаро талаб менамояд ва риоя накардани талабот ва шартҳои иҷозатнома ё қоидаҳои иҷрои намуди муайяни фаъолият роҳ дода шуда, дар давоми соли 2023 8 нафар шахсони мансабдори ҷамъиятҳои “Интер Сервис”, “Раҳимӣ”, “Сайҳуни Хуҷанд”, “Роҳи Ваҳдат”, “Роҳи Абрешим”, “Дамир Транс”, “Сорбон” ва “Иноватсияи Ояндасоз” ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд. Дар давоми соли 2024 бошад барои содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳои зикргашта 19 нафар шахсони мансабдори ҶСК “АРЗ-4”, “Сорбон”, ҶДММ “Ҳамдам”, “Ройгон Маҳмуд”, “Насли солим”, “Сомон сохтмон”, “Қасри замон”, “Бунёдгари диёр”, “Раҳим-37”, “Аврупо сохтмон”, “Фараҳ” ва дигарон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд. Ҳамин тавр, дар 10 моҳи соли равон низ 9 нафар шахсони мансабдори ширкатҳо барои риояи накардани талаботи қонунгузорӣ ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. Сипас, доир ба корҳои анҷомдодашуда муовини аввали Раиси шаҳри Хуҷанд, раиси комиссияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд “Оид ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳои қаламрави шаҳр» Хайрулло Ғайбуллозода, сардори ШБДА –и шаҳри Хуҷанд Ғолибшоҳ Зокирзода, сардори идораи роҳи шаҳри Хуҷанд Салим Юнусов, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Мадина Салимзода, сармутахасиси Хадамоти назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти шаҳри Хуҷанд Шӯҳрат Қодиров ва дигарон маълумот доданд. Дар ҷараёни ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр доир ба фаъолияти аъзои комиссияи таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ мубодилаи афкор сурат гирифта, масъулини дахлдор ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо вазифадор карда шуданд. Прокурори шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Нозимзода бо истифода аз ҳузури аъзои Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр аз тамоми масъулини нигоҳдории роҳ, назорати ҳаракат дар роҳ талаб намуд, ки ҷиҳати бехатарии равуои шаҳрвандон ва нақлиёти ҷамъиятию шахсӣ тадбирҳои мушаххас андешанд. Масъулини ШБДА ба масъалаи баланд кардани сурати ҳаракати роҳ, вайрон намудани меъёри интиқоли мусофирон, худсарона дигар намудани самти хатсайр ва ғайраҳо таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд. Муфаттишони ШВКДҶТ дар шаҳри Хуҷанд дар самти омӯзиш ва таҳқиқи қонуншиканиҳо бо масъулияти ҷиддӣ корбарӣ намоянд. Ба роҳбарони ширкатҳои нақлиётӣ дастур дода шуд, ки ҷиҳати риояи талаботу меъёрҳои хизматрасонӣ ба аҳолиро пурзӯр намуда, ба фаъолияти рӯзмарраи ронандагон диққати ҷиддӣ зоҳир намоянд. Роҳбарияти мактабҳои ронандагӣ муваззаф карда шуданд, ки дар самти омода намудани ронандагон муносибати солим намуда, ба кирдорҳои ғайриқонунӣ даст назананд. Бо вазифагузориҳои дигар ба ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр ҳусни анҷом бахшида шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...