(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори Кохи “Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд мулоқоти роҳбарияти Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хизматчиёни давлатӣ, роҳбарони идораву ташкилот ва муассисаҳои шаҳру навоҳии Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон, Ҷаббор Расулов ва Спитамен баргузор шуд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода чорабиниро ҳусни ифтитоҳ намуда, ҳадафи мулоқотро шаҳр дода, аз ҷумла афзуд, ки вазъи ҳассоси ҷаҳони ҳар якеи моро водор месозад, ки ба масъалаҳои ҳифзи арзишҳои миллӣ, таҳкими худшиносии миллӣ, мубориза алайҳи бегонапарастӣ, экстремизму терроризм диққати аввалиндараҷа зоҳир намуда, ҳаргиз зиракии сиёсиро аз даст надиҳем. Сипас, Ҳилолбӣ Қурбонзода, муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ дар мавзуъи “Пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ” маърӯза намуданд. Таъкид шуд, ки ҳамасола дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фарогири самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар аст, баробари ифодаи масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа ба пешгирии хатари аввалиндараҷаи ҷаҳони муосир - ба экстремизм ва терроризм таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин зуҳуроти хатарафзою даҳшатнок баҳои воқеӣ дода таъкид мекунанд: “Имрўз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ба ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст”. Дар воқеъ, имрўз терроризм ва экстремизм ҷаҳонро такон дода, вобаста ба рушди равандҳои ҷаҳонишавӣ он ба амният ва суботи сиёсии ҳар кишвар метавонад таъсири манфии худро расонад. Тавре Пешвои муаззами миллат таъкид мекунанд, аз таҳдиди хатарҳои ҷаҳонишавӣ нигоҳ доштани мардуми кишвар ва таъмини амнияти давлату ҷомеа вазифаи оливу виҷдонии ҳар як фарди ватандўст, махсусан ҷавонони ояндасоз мебошад. Онҳо бояд хуб дарк намоянд, ки тақдири ояндаи халқу давлат ба дўши онҳо гузошта шудааст. Ҳифзу обод кардан ва ба наслҳои оянда ба мерос гузоштани Ватани ободу рушдёбанда масъулияти бузург дорад ва ҳар фарди ҷавонро вазифадор менамояд, ки ҳамеша ба хотири таҳкими ваҳдати миллӣ, истиқлолияти давлатӣ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ватандўстӣ кўшишу талош намоянд. Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода низ баромад намуда, аз ҷумла афзуд, ки бо мақсади амалӣ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 1-уми июни соли 2021, №187 «Дар бораи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд қарорҳои дахлдори Раиси шаҳрро ба тавсиб расонида, ҷиҳати пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ ва дигар ҳодисаву амалҳои номатлуб тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда истодааст. Ҳамзамон, дар ин замина қарори Раиси шаҳр аз 20 августи соли 2024 №415 «Дар бораи таъсис додани гурўҳи машваратӣ оид ба пешгирии экстремизм ва терроризми хушунатомез, офиятбахши ва барқарорсозии баргаштагон» низ тасдиқ гардидааст, ки ҳадаф аз таъсис додани гурўҳи машваратӣ тақвияти ҳамкориҳои мақомоти давлатӣ бо кумитаи маҳаллаҳо ва дигар ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти пешгирии экстремизм ва андешидани чораҳоҳои саривақти дар самти гаравиши шаҳрвандон, махсусан ҷавонон ба ҳаракатҳои экстремистӣ, ҳамзамон офиятбахшӣ ва барқарорсозии баргаштагон аз минтақаҳои ҷангзада чораҷўӣ намудан мебошад. Иттилоъ дода шуд, ки доир ба пешгирии омилҳои номатлуб миёни ҷавонон аз ҷониби олимон, донишҷўёну хонандагон ва аъзоёни маҳфилҳои доимоамалкунанда мақолаҳои таҳлилӣ ва иттилоотӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва рўзномаву маҷаллаҳо нашр гардида, дар ин росто, дар барномаҳои радиоӣ ва телевизионӣ иштирок ва баромадҳо мунтазам роҳандозӣ гардида истодааст. Яке аз роҳҳои пешгирии омилҳои номатлуб ин ҷалби ҷавонону наврасон ба варзиш ва тарзи ҳаёти солим буда, бо ин мақсад дар байни ҷавонону наврасон мунтазам чорабиниҳои мухталифи варзишӣ, ташкил ва баргузор гардида, ҳамзамон дар тамоми маҳаллаҳои шаҳр ва назди биноҳои баландошёна бунёду таъмири майдончаҳои варзишию бозии бачагона ва сохтмони иншоотҳои варзишӣ бо маром идома доранд. Зикр шуд, ки бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тибқи нақшаи муштараки сохторҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар самти рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа аз рўи усули «Маҳалла ба маҳалла», «Деҳа ба деҳа», «Мактаб ба мактаб» ва «Факултет ба факултет» бо ҷомеаҳои меҳнатӣ, устодону омўзгорон, хонандагону волидон ва сокинони маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд 116 вохўрӣ ва сўҳбату мулоқотҳои судманд доир гардида дар ин самт фаъолият идома дорад. Ҳадаф аз баргузории чунин мулоқоту вохўриҳо баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва динӣ, тарбия намудани наврасону ҷавонон дар руҳияи ватандустию ватанпарастӣ, пешгирии бадахлоқиву ҷинояткорӣ ва шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, таассубу хурофот, таълимоти ғайриқонунии динӣ ва ифротишавии чавонон, тамоюли бегонапарастӣ, риояи фарҳанги либоспушӣ, пешгирии ҷудошавии оилаҳо, омода намудани ҷавонон ба оиладориву рўзғордорӣ, тозаву озода нигоҳ доштани маҳалли зист, вусъат бахшидан ба бунёдкориву созандагӣ, анҷом додани хайру саховат, дастгирии ятимону бепарасторон, пешгирии исрофкорию зиёдаравӣ ё худ намоишкорӣ, тафриқаандозӣ, риояи қатъии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кўдак» ва “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” ва ҳамчунин ҳидояти мардум ба роҳи пурсаодати зиндагӣ иборат мебошад. Сипас, сардори шуъбаи экстремизм ва терроризми прокуратураи вилояти Суғд Самеъҷон Шарифзода, сардори шуъбаи муқовимат бо коррупсияи Раёсат Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Шодком Турсунзода ва сардори шуъбачаи шуъбаи кофтукови ҷиноятии РВКДҶТ дар вилоят Суғд Бахтиёр Ибодуллозода доир ба самтҳои фаъолият, аз ҷумла мубориза алайҳи ҷиноятҳои экстремистию террористӣ ва ришваситонӣ маърӯзаҳо намуданд. Зикр гардид, ки ҳар яки мо вазифадорем, ки дастуру таъкидҳои Роҳбари давлатро пешаи худ қарор дода, дар тарбияи фарзандони солеҳу соҳибмаърифат, ободии Ватан ва хизмат ба давлату миллат саҳмгузор бошем.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...