26 Ноябрь 2025
Недоступен ни однин перевод.
Дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Раиси вилояти Суғд бо мақсади тарғибу ташвиқи анъанаҳои миллӣ ва эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Ҳунарманди сол” баргузор шуд.
Дар озмун аз 18 шаҳру навоҳии вилоят, аз ҷумла, ғолибони даври шаҳрии озмуни мазкур аз шаҳри Хуҷанд низ иштирок намуда, мақомҳои ифтихориро соҳиб шуданд.
Ҳамин тавр, дар номинатсияи "Беҳтарин ҳунари кордсозӣ" Ӯктам Қобилов мақоми аввалро соҳиб шуд. Дар номинаҳои "Беҳтарин ҳунари кулолгарӣ" Абдуҷаббор Азимов ва "Беҳтарин ҳунари адрасбофӣ" Мухбира Воҳидова мақомҳои дуюмро ба даст оварданд.
Аз ҷониби муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ ба ғолибон диплом ва маблағҳои пулӣ тақдим карда шуд.
Ҳамчунин якчанд нафар ҳунармандони чирадасти шаҳри Хуҷанд барои иштироки фаъолона дар даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Ҳунарманди сол” бо Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд қадршиносӣ гардиданд.
Таъкид гардид, ки баргузории чунин озмунҳо ба эҳё, ҳифз, тараққӣ додан, рушди мероси фарҳангӣ, санъати ҳунармандӣ, тамаддун, мероси миллӣ ва ба ин васила ба раванди эҷодиёти халқ мусоидат хоҳад намуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







