26 Ноябр 2025
Дар гимназияи №24-и шаҳри Хуҷанд бахшида ба яке аз рамзҳои муҳимтарини давлати мустақили мо, рамзи ҳамдигарфаҳмӣ, ваҳдат ва шӯҳрат-Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идонаи аҳли маорифи шаҳри Хуҷанд баргузор шуд.
Нотиқон дар ҳамоиш таъкид доштанд, ки Парчами Тоҷикистон яке аз рамзҳои соҳибихтиёрии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҳангоми сохтани рамзҳои нави давлатии Тоҷикистон принсипи таърихшиносӣ ва пайдарпаӣ роҳнамоӣ карда шудааст.
Парчами Тоҷикистон ҳамеша рамзи шараф ва ифтихори миллиро ифода мекунад. Дар замонҳои душвор муҳофизони Ватан зери парчам истода, ба он савганд ёд мекарданд. Дар вақтҳои ғолибият парчамро бо ифтихор аз дастовардҳои халқи худ, кишвари худ мебардоранд. Таҳқири парчам ҳамеша ҳамчун таҳқири шарафи давлат ва миллат ба назар мерасад.
Аз ин рӯ, шаъну шарафи парчам ва дигар рамзҳои давлатӣ – нишон ва суруди миллӣ ҳамеша таҳти ҳимояи давлат қарор дорад.
Шеъру суруд ва таронаҳои ватандӯстона дар васфи Парчами миллӣ аз ҷониби муҳассилин ироа гардид.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







