25 Ноябр 2025
Дар ҷаласаи фаъолони соҳаи меъморӣ, сохтмон ва шаҳрсозӣ, ки таҳти роҳбарии раёсати Раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода баргузор гардид, беҳтарин сохтмончиёну меъморон, ширкатҳои сохтмонӣ ва соҳибкорон дар соли 2025 бо диплом ва ҷоизаи вилоятии “Сохтмончиии муваффақ дар соли 2025” қадршиносӣ карда шуданд.
Аз ҷумла, ба муассисони ширкати “Тоҷсохтмон”-и шаҳри Хуҷанд Набиҷон Абдураззоқов ва Баҳодур Фозилов аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода диплом ва ҷоизаи вилоятии “Сохтмончиии муваффақ дар соли 2025” тақдим карда шуд.
Бояд қайд намуд ширкати муваффақи “TOJ SOKHTMON” 7 сол инҷониб дар майдони бунёди иншооти хонаҳои баландошёна фаъол буда, яке аз ширкатҳои устувор, ботаҷриба ва бо диду нигоҳи нав шинохта шудааст. Ин ширкат дар бозори дар бозори амволи ғайриманқули Тоҷикистон устуворона қадам гузошта, дар самти сохтмони хонаҳои баландошёнаи муосир таҷриба ва имконияту пойгоҳи мустаҳкам дорад. Кафолати сифат, бароҳатии хонаҳо, диду нигоҳи муосир аз ҷанбаҳои муҳими лоиҳаҳои ширкат аст.
Ширкати “TOJ SOKHTMON” айни ҳол дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд 17 иншоотро сохта истодааст, ки мутахассисони касбии ширкат ба ҳар як марҳилаи сохтмон таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Ин ширкат дар назди худ мақсад гузоштааст, ки на фақат хона созад, балки зиндагии шоистаро дар он бунёд намояд. Кафолати сифати сохтмон, шаффофияти хариди он дар марҳилаҳо аз мақсади асосии ширкати “TOJ SOKHTMON” аст.
Айни ҳол аз ҷониби ширкат дар ҳудуди шаҳр бахшида ба 35 солагии Истиқлоли давлатӣ хонаҳои баландошёнаи муосир, аз қабили “Тавхид Молл», «Империал», «Фирдавси Плаза», «Суғдиёна», «8 Микрорайон», «12-1 Микрорайон», «12-2 Микрорайон», «13 Микрорайон-1», «Рӯдакӣ Плаза-2», «13 Микрорайон-2», «18 Микрорайон», «Оила», «19 Микрорайон», «20 Микрорайон», “Бустон», «Пахтакор-1», «Пахтакор-2», «Пахтакор-3»,”Первомайская» бо маром идома дорад.
Ҳамчунин Ширкати “TOJ SOKHTMON” тасмим гирифтааст, ки дар иншооти иҷтимоӣ, аз ҷумла маориф саҳми босазои худро гузорад. Чанде қабл аз ҷониби ширкат сохтмони бинои иловагии гимназияи №4 бо тарҳу усули муосир ва бо таҷҳизоти таълимӣ сохта ба истифода дода шуд, ки чунин таҷриба дар шаҳри Хуҷанд бори аввал амалӣ карда мешавад.
Диплом ва ҷоизаи вилоятии “Сохтмончиии муваффақ дар соли 2025” барои ширкати сохтмонии TOJSOKHTMON ва аҳли кормандонаш муборак бошад!
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







