(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt24 ноябр дар толори калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд таҳти раёсати Раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода ҷаласаи фаъолони соҳаи меъморӣ, сохтмон ва шаҳрсозӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласаи корӣ муовинони Раиси вилоят, роҳбарони воҳиду сохторҳои вилоятӣ, раисони шаҳру ноҳияҳо, меъморону муҳандисон, масъулини бахши роҳсозӣ, замин, муҳити зист, назорати санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фақуллода, сӯхторнишонӣ, ширкатҳои сохтмонӣ, соҳибкорон, раисони ҷамоату деҳот ва дигар масъулин ширкат варзиданд. Ҷаласаи корӣ бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 19-уми ноябр дар шаҳри Гулистон баён гардида буд, баргузор гардида, дар он вазъи соҳаи меъмориву шаҳрсозӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд. Нахуст вобаста ба масъалаи мазкур муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ маърӯза намуд. Таъкид гардид, ки сол ба сол саҳми бахши хусусӣ, соҳибкорони ватанӣ, сармоягузорони хориҷӣ ва аҳолӣ дар маблағгузории капиталӣ зиёд шуда истодааст. Агар дар соли 2018 саҳми бахши ғайридавлатӣ дар структураи маблағгузории капиталӣ 68 фоизро дар бар гирад, дар соли 2024 ин нишондиҳанда ба 82 фоиз баробар шудааст, хол он ки саҳми маблағгузори давлатӣ низ 1,2 маротиба зиёд шудааст. Ҳаҷми маблағгузорӣ аз тарафи аҳолӣ дар ин давра 3,7 маротиба ва соҳибкорӣ ба 5,8 маротиба зиёд шудааст. Дар 7 соли охир дар вилоят аз рӯи маълумотҳои оморӣ 3,6 млн. метри мураббаъ манзил сохта ба истифода дода шудааст. Дар вилоят барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни фархундаи миллат 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохтмон, бунёд, азнавсозӣ ва таъмири капиталии 12 000 иншоот ба нақша гирифта шуда, 12 ҳазору 66 иншоот мавриди истифода қарор гирифт, ки ин ба 100,5 фоизи нақша баробар мебошад. Дар ин давра 538 корхонаю коргоҳҳои саноатӣ, 392 иншооти соҳаи тандурустӣ, 930 адад иншооти соҳаи маориф, 338 иншооти соҳаи варзиш, 129 иншооти соҳаи фарҳанг, 227 иншооти соҳаи саёҳӣ, 1607 иншооти соҳаи савдо ва хизматрасонӣ, 2045 адад қитъаи роҳ, 164 пул, зиёда аз 500 бинои истиқоматии баландошёна, 91 бинои маъмурӣ ва зиёда аз 5200 дигар иншоотҳо сохтмон ва азнавсозӣ гардидааст. Баробари ин масъулин азм доранд то ҷашни фархундаи миллат боз зиёда аз 3000 иншоот сохта ба истифода диҳанд. Раиси вилоят зимни таҳлили вазъи кунунии соҳаи меъморӣ ва сохтмон таъкид дошт, ки натиҷаҳо назаррас буда, бунёди иншооти гуногунсоҳа бевосита ба боло рафтани сатҳи зиндагии шаҳрвандон таъсири мусбӣ мерасонад. Баробари ин дар фаъолияти бархе аз шаҳру навоҳӣ ва ширкатҳо камбудиҳои ҷиддӣ ба назар расида, бояд масъулин ҷиҳати тақвияти корҳо ва бартараф намудани он талош варзанд. Дар идомаи ҷаласа аз ҳозирин даъват ба амал оварда шуд, ки барои пешрафт ва шукуфоии Ватан аз сидқи дил, софдилона ва бо дилу виҷдони пок хизмат намуда, баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта чораҷӯӣ намоянд. Дар поёни ҷаласа ба гуруҳи калони сохтмончиёну меъморон, ширкатҳои сохтмонӣ ва соҳибкорон диплом ва ҷоизаи сохтмончиии муваффақ дар соли 2025 тақдим гардид. Аз ҷумла, ба муассисони ширкати “Тоҷсохтмон” Набиҷон Абдураззоқов ва Баҳодур Фозилов, ки бинои нави Гимназияи рақами 4 -и шаҳри Хуҷандро бунёд намудаанд, изҳори сипос карда шуд. Итимони боварӣ карда шуд, ки сохтмончиёну меъморон минбаъд низ баҳри рушду тараққиёт ва пешрафти вилояту ҷумҳурӣ самгузорӣ намуда, бо бунёди иншооти гуногун кишвари азизамонро боз ҳам ободу зебо менамоянд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...