24 Ноябр 2025
Субҳи имрӯз дар гимназияи №1 ба номи Раҳим Ҷалили шаҳри Хуҷанд ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона таҳти унвони "Парчами давлатии Тоҷикистон-ливои бахту озодист!" сурат гирифт.
Манзура Муинзода, сарвари гимназия хонандагону омӯзгоронро бо Рӯзи Парчами миллӣ таҳният гуфта, аз ҷумла афзуд, ки ҷашн гирифтани Рӯзи Парчами давлатӣ арҷгузорӣ ба хизматҳои фидокоронаи фарзандони бузурги халқамон- Куруши Кабиру Исмоили Сомонӣ, Шераку Деваштич, Спитамену Муқаннаъ, Темурмалик, Рӯдакиву Фирдавсӣ ва садҳову ҳазорон абармардони гузаштаамон мебошад, ки давоми таърихи чандинҳазорсолаи миллати тоҷик барои ҳифзи ному нанг ва ҳимояи марзу буми аҷдодӣ ҷоннисориҳо карда, забон, фарҳанг ва ойину суннатҳои мардуми куҳанбунёдамонро то замони мо расонидаанд.
Таъкид шуд, ки мо, мардуми Тоҷикистон вазифадорем, ки дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем, барои ҳимояи марзу буми Ватани азизамон, пойдории давлату давлатдории навинамон саъю талош намоем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, манфиатҳои милливу давлатии худро ҳифз кунем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдату сарҷамъиро таҳким бахшем ва ҷойгоҳу обрӯи Тоҷикистони маҳбубамонро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардорем.
Барномаи ватандӯстонаи хонандагон ба чорабинии идона ҳусни дигар зам намуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







