9563
(0 овоз, миёна 0 аз 5)
23 Ноябр 2025
НЕРӮИ МУТТАҲИДСОЗИ ПАРЧАМ
Ҳамшаҳриёни азиз, шаҳрвандони гиромӣ!
Дар кори иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии тозаистиқлоли Тоҷикистон, ки аз 16-уми ноябр то 2-юми декабри соли 1992 дар Қасри Арбоб доир гашт, дар қатори дигар рамзу нишон Парчами давлатӣ муқаррар ва ба ин муносибат Рўзи таҷлили ин рамзи соҳибдавлатии тоҷикон тариқи қонун тасдиқ гардид.
Инак, ҳар сол чун анъанаи нек миллати тоҷик 24-уми ноябр Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистонро бо тантана ва ифтихори миллӣ таҷлил мекунад.
Дар яке аз паёмҳои шодбошии хеш ба шарафи Рўзи Парчами давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: “Парчами давлатӣ муаррифгари тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ ва мояи ифтихори мо ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон мебошад. Парчами давлати соҳибихтиёри мо нишонаи таъриху фарҳанги бостониву пурғановати миллати тоҷик буда, ҳар фарди ҷомеаро вазифадор менамояд, ки нисбат ба ин рамзи муқаддаси миллӣ эҳтиром ва арҷ гузорад. Воқеан, Парчами давлатӣ омили муайянкунандаи ҳувияти миллӣ ва тақвият пайдо кардани ҳисси милливу ифтихори ватандорӣ дар шуури ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа мебошад. Парчам рисолат ва нерўи муттаҳидкунанда дорад, зеро он дарбаргиранда ва таҷассумгари арзишҳои сиёсиву фарҳангӣ ва ғояву ҳадафҳои миллӣ мебошад”.
Таҷлил гардидани Рўзи Парчами давлатӣ дар қаламрави кишвар нишони садоқати имрўзиён ба анъанаҳои қаҳрамононаи авлоду аҷдоди сарбаландамон ва арҷгузорӣ ба арзишҳои умумимиллӣ арзёбӣ гашта, он метавонад дар замири ҳар фарди ватандўст ва сокини Тоҷикистони азиз эҳсоси дўст доштан ва парастиш кардани ин марзу бумро дучанд намояд.
Парчами миллӣ ифодагари иқболу истиқлол, нангу номус, ватандўстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми кўҳанбунёду фарҳангии мо буда, мақсаду мароми неки тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст. Аз ин рў, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба парчам маънои эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихӣ ва фарҳангиву маънавии миллӣ ва гузашта аз ин, эҳтироми миллат ва давлату давлатдорӣ мебошад.
Бо назардошти нақши созандаву муассири парчам дар тарбияи ҳисси худогоҳиву худшиносӣ ва ватандўстиву ватанпарастии насли наврасу ҷавон, тибқи дастури Пешвои муаззами миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру навоҳӣ, ҷамоату деҳоти Тоҷикистон майдонҳои Парчами давлатӣ бунёд шуда истодаанд, ки боиси ифтихор ва худшиносии миллии ҳамагон аст.
Ба шарофати сиёсати ояндабинона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода хуҷандиёни меҳнатқарину ватандўст бо шукргузорӣ аз даврони соҳибистиқлолии кишвар ва фазои орому осуда зери Парчами давлатӣ ба даҳҳову садҳо дастовардҳо ноил гардида, дар рушди ҳамаҷонибаи соҳоти кишвар саҳм мегузоранд.
Бо камоли ифтихор ва самимият сокинон ва меҳмонони Хуҷандшаҳри бостониро аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо Рўзи парчами давлатӣ табрику муборакбод намуда, бароятон рўзгори ободу осуда, зиндагии пурсаодат ва пешрафту шукуфоӣ таманно мекунам. Итминони комил дорам, ки минбаъд низ ҳадаф ва муқаддасии ин рамзи давлатдорӣ миёни насли наврас ва ҷавон хубу шоиста тарғиб мегардад ва бо баланд бардоштани ливои миллӣ дастовардҳои нав ба нави ҷавонон ба кулли Тоҷикистон ва ҷаҳон муаррифӣ карда мешавад.
Ҷашни муқаддас – Рўзи Парчами давлатиро ба ҳамагон шодбод гуфта, орзуманди онам, ки ливои миллат парафшон ва сулҳу амният то ҷовидон пойдор бошад.
Рўзи Парчами давлатӣ муборак, ҳамдиёрон!
Шарҳ додан