22 Ноябр 2025
Дар МТМУ №23-и шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши идона баргузор шуд.
Нахуст таъкид шуд, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рукнҳои асосии муқаддасоти миллӣ маҳсуб гардида, он ифодагари рамзи ҳаёти осоишта, меҳнатдӯстӣ, бахту иқболи сафед, умед ба ояндаи нек ва лоиқи эҳтироми пиру барнои кишвар гардидааст. Дар радифи муқаддасоти дигар Парчам низ таърихи худро дорад ва он дар таърихи кишвардории мо дар мубориза бо душманони аҷнабӣ ифодагари қудрат ва матонати давлат будааст. Дар таърихи қадимаи рамзҳо Парчам ба рамзи пирўзӣ ва сипас ба рамзи давлатдорӣ табдил ёфта буд. Ҳар шахсе ба қудрат мерасид, соҳиби тахту салтанат мегашт, тоҷи шоҳӣ ба сар мениҳод ва Парчамро азизу муқаддас медонист ва онро баланд меафрохт.
Иттилоъ дода шуд, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 қабул гардидааст. Рангҳои сурх, сафед ва сабзи он ҳар кадом маънии амиқи таърихӣ ва фарҳангӣ доранд. Ранги сурх неруи созандагӣ, ҷоннисорӣ барои Ватан ва далерии фарзандони миллатро таҷассум мекунад. Ранги сафед рамзи покӣ, инсонпарварӣ ва орзуву умедҳои неки халқ аст. Ранги сабз табиат, сарсабзӣ ва заҳмати кишоварзони заҳматкашро ифода менамояд. Нишонаи тоҷи тиллоӣ бо ҳафт ситора дар меҳвари парчам рамзи ваҳдату давлатдории тоҷикон ва фарҳанги куҳанбунёди миллиамон мебошад.
Парчам барои насли наврас мактаби бузурги ватандорӣ аст. Вақте хонанда ё ҷавон маънои рамзҳои миллиро дарк мекунад, ҳисси масъулият ва муҳаббат ба Ватан дар қалби ӯ қавитар мегардад. Дар назди Парчам истодан, ба он эҳтиром гузоштан ва дар зери он таълим гирифтан ҷавонро ба ростқавлӣ, тартибот, интизом ва садоқат ба давлат ташвиқ мекунад. Ҳамин аст, ки парчам дар ҳамаи идораҳо, дар муассисаҳои таълимӣ ва дар тантанаҳои миллӣ ҷойгоҳи махсус дорад.
Сипас хонандагон дар васфи Парчами миллӣ шеъру суруд ва гуфторҳо ироа намуданд. Саҳнаҳои ҷолиби ватандӯстона намоиш дода шуд.
Сурудҳои ватанпарварона анҷомбахши чорабинӣ гардид.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







