22 Ноябр 2025
Бо ифтихор аз ватандўстиву меҳанпарварӣ ва тарғиби ифтихори муқаддасоти миллату давлатдорӣ дар МТМУ №15-и шаҳри Хуҷанд чорабинӣ таҳти унвонӣ “Парчами давлатӣ-ифтихор аз миллату давлатдорӣ” баргузор гардид.
Чорабинӣ бо танинандозии Суруди миллӣ оғоз гардид. Директори МТМУ №15 Заррина Ёрматова ҳамагонро бо Рӯзи Парчами давлатӣ табрику таҳният гуфта, аз ҷумла афзуд, ки Парчами давлатӣ ба наслҳои навин дарси ватандӯстӣ, садоқат ба давлат ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ меомӯзонад. Дар муассисаҳои таълимӣ, ҳарбӣ ва фарҳангӣ баргузории маросимҳои парчамбардорӣ ба як анъана табдил ёфтааст. Парчам на танҳо рамзи давлат, балки нишонаи ҳамбастагии наслҳои гузашта, имрӯза ва оянда мебошад. Он моро водор месозад, ки Ватанро дӯст дорем, онро обод кунем ва номбардори миллати тоҷик бошем.
Парчам дар фарҳанги тоҷикон ҷойгоҳи махсус дорад. Дар таърихи давлатдории тоҷикон рамзҳои гуногуни миллӣ вуҷуд доштанд, ки ифодаи ҳокимият ва иттиҳоди мардум буданд. Имрӯз Парчами давлатӣ идомаи мантиқии он суннатҳост ва ҳамчун рамзи ифтихор ва сарбаландии миллӣ хизмат мекунад. Парчам моро ба эҳтироми таърих, забон, фарҳанг ва муқаддасоти миллӣ даъват менамояд.
Таъкид шуд, ки насли ҷавону ояндасози мо сиёсати бунёдкоронаи Президенти мамлакатро муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ намуда, хуб дарк менамоянд, ки эҳтироми Парчами давлатӣ маънои арҷгузориву ифтихор ба давлат, ба гузаштаву имрӯз ва фардои халқи азизамон буда, омили муҳими таҳкими худшиносии миллӣ ва ифтихорӣ ватандорӣ ҳисобида мешавад.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи қудрат, тавонмандӣ ва сарҷамъии миллат аст. Он на танҳо нишонаи истиқлолият, балки рамзи ваҳдат, сулҳ ва суботи давлатӣ мебошад. Имрӯз ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд бо эҳсоси ифтихор ба Парчам нигарад, онро дӯст дорад ва ҳамчун рамзи муқаддаси Ватан эҳтиром намояд. Зеро Парчам на танҳо як матои ранга, балки рамзи шуҷоату далерӣ, иттиҳод ва абадияти миллат мебошад.
Сипас хонандагон дар васфи Парчами миллӣ шеъру суруд ва гуфторҳо қироат намуданд. Саҳанҳои тарбиявии ҷолиб намоиш дода шуд.
Барномаи ватандӯстонаи фарҳангӣ анҷомбахши чорабинӣ гардид.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







