21 Ноябр 2025
Дар МТМУ №17-и шаҳри Хуҷанд машварати доимоамалкунандаи омӯзгорони фанни таърих ва ҳуқуқ бо иштироки омӯзгорони фанни таърих ва ҳуқуқи макотиби шаҳр баргузор шуд.
Нахуст дар машварат маърӯза оид ба низоми баҳодии 10 хола мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Омӯзгори МТМУ №17 Ҳабиба Ҳасанова зимни маърӯзаи худ, аз ҷумла таъкид намуд, ки низоми баҳодиҳии бисёрхола яке аз маъмултарин низомҳои баҳодиҳӣ дар ҷаҳон ба ҳисоб рафта, дар муассисаҳои таълимии гуногун (мактабҳои таҳсилоти миёна, коллеҷҳо, донишгоҳҳо) истифода мешавад. Низоми баҳодиҳии даҳхола ба хонандагон имкон медиҳад, ки донишу малака ва маҳорати худро зимни санҷишҳои гуногун (пурсишҳо, тестҳо, имтиҳонҳо) муайян кунанд. Баҳоҳо одатан аз 0 то 10 буда, 10 баҳои баландтарин аст.
Низоми бисёрхолаи баҳодиҳӣ дар Тоҷикистон бо дастури Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз соли 2014 оғоз гардида, мақсади асосии он ворид шудан ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ, муайян кардани сатҳи воқеии донишу малакаи хонандагон ва ҳавасманд гардонидани онҳо ба раванди таълим мебошад.
Таъкид шуд, ки нокифоягии низоми 5-холаи баҳогузорӣ яке аз сабабҳои асосии гузариш ба низоми 10-хола мебошад. Низоми кӯҳна танҳо чаҳор баҳоро (2, 3, 4, 5) пешниҳод мекард, ки барои арзёбии дақиқ ва ҳамаҷонибаи дониш, малака ва маҳорати хонандагон кофӣ набуд. Ин маҳдудият боиси он мегардид, ки омӯзгорон дар амалия баҳоҳои мобайниро, ба монанди «+4» ё «–3» истифода баранд. Ин гуна баҳоҳо расман эътироф нашуда буданд ва на ҳамеша сатҳи воқеии дониши хонандаро инъикос мекарданд. Дар натиҷа, байни хонандагоне, ки баҳои «3» мегирифтанд, фарқияти назаррас вуҷуд дошт. Яке метавонист, баҳои хуб ба даст оварад, аммо бо сабаби чанд хатоии ночиз «4» нагирад, дар ҳоле ки дигаре дониши хеле заиф дошта бошад ва ба зӯр баҳои «3» гирад. Низоми 5-хола ин фарқиятҳоро ба назар намегирифт ва шаффофиятро дар раванди баҳогузорӣ коҳиш медод. Гузариш ба низоми 10-хола ин мушкилотро ҳал карда, имкон медиҳад, ки дониш ва кӯшиши хонандагон одилона ва дақиқ арзёбӣ гардад.
Дар ҷараёни машварат мубодилаи афкор оида ба масъалаи баррасишуда сурат гирифт.
Иштирокчиёни машварат ҳамчунин дар дарси намунавии синфи 6 ва чорабинӣ бахшида ба Рӯзи Парчами Тоҷикистон иштирок намуданд.
Дар машварат сармутахасиси шуъбаи маориф Раъно Набиҷонова иштирок ва суханронӣ намуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







