21 Ноябр 2025
Муассисаи таҳсилоти томактабии “Донояк” дар маҳаллаи “Чашмаи арзана” бо саҳми муассис Маҳмудҷон Мамадҷонов дар заминаи таваҷҷуҳ ва дастгириҳои давлатии соҳибкории ватанӣ ҷиҳати амалисозии дастуру ҳидоятҳои маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия бунёд гардидааст, тариқи фосилавӣ ифтитоҳ гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки муассисаи мазкур барои таълиму тарбияи то 60 нафар кӯдакон пешбинӣ гаштааст.
Кӯдакистон аз 3 гурӯҳ иборат буда, баъди истифода додани он 10 нафар сокинони маҳаллаӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.
Дар муассиса дар баробари забони давлатӣ, ҳамзамон омӯзиши забонҳои хориҷии англисӣ ва русӣ низ пешбинӣ шудааст ва барои ин имконияту шароитҳои меъёрӣ фароҳам оварда шудааст.
Гуруҳҳои кӯдакистон дорои хонаҳои алоҳидаи хоб ва бозӣ буда, бо кату рахти хоб ва таҷҳизот, ашёву аёниятҳо тибқи меъёрҳои тарбияи томактабӣ муҷаҳҳазонида шудааст.
Дар иншоот толорҳои варзиш ва мусиқӣ ҷой низ дода шудааст. Муассиса ҳамзамон дорои ҳуҷраҳои корӣ барои кормандону маъмурияти муассиса, ҳамшираи шавқат ва равоншинос буда, иншооти захираву нигаҳдории маҳсулоти ғизоӣ низ аз имкониятҳои кӯдакистон аст.
Дар саҳни ҳавлии кӯдакистон 3 адад суҳбаткадаҳои мавсимӣ бунёд ёфта, девори иҳотавӣ ва дохили гуруҳҳо бо расму тасвирҳои каҳрамонони афсонавӣ мутобиқ ба завқу шавқи кӯдакон оро дода шудааст.
Дигар тадбирҳои ободонӣ - кабудизоркуниву гулкорӣ дар ҳудуди муассиса амалӣ гардидааст.
Тарбиятгирандагон дар чор вақт бо ғизои солим таъминанд ва дар давраи тирамоҳу зимистон муассиса бо дастгоҳҳои махсус гарм карда мешавад.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







