21 Ноябр 2025
Дар МТМУ №21-и шаҳри Хуҷанд машварати навбатии доимоамалкунандаи муовинони директор оид ба корҳои тарбиявии муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд баргузор шуд.
Раъно Набиҷонова, сармутахасиси шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд машваратро ҳусни оғоз бахшида, доир ба навгониҳои соҳаи маориф маълумоти мухтасар дод.
Сипас Наргисаи Усмоналӣ муовини директор оид ба корҳои тарбиявии МТМУ №21 дар мавзуъи “Нақши Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи навини тоҷикон” маърӯза намуд.
Таъкид шуд, ки дар саҳифаҳои таърихи навини Тоҷикистон номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст. Он замон, ки дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Тоҷикистон (соли 1992) муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Сарвари давлат интихоб гардиданд, кишвар дар гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ қарор дошт. Нооромӣ, хунрезӣ, парокандагӣ ва ноумедӣ ҷомеаро фаро гирифта буд. Маҳз дар ҳамон лаҳзаҳои ҳассосу тақдирсоз Пешвои миллат бо иродаи қавӣ ва суханони умедбахш ба майдон омаданд. Он кас бо боварии комил изҳор намуданд, ки ҷанги бародаркушро танҳо худи тоҷикистониён метавонанд хотима бахшанд. Ин даъвати ватандӯстона, садои сулҳу ваҳдат, тадриҷан дар дили мардум умед ва иттиҳодро зинда кард.
Зикр шуд, ки Тоҷикистони имрӯза — ин Ватани сулҳу ваҳдат, давлати созандагӣ ва ҳамзистии осоишта аст. Дар зери роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи тоҷик бо иттиҳоду ҳамдилӣ сӯйи ояндаи равшан қадам мегузорад. Имрӯз, вақте ки аз он рӯзҳои пурошӯб ва пурдарди таърих зиёда аз се даҳа мегузарад, ҳар як шаҳрванди кишвар бо ифтихор метавонад бигӯяд, ки Тоҷикистон роҳи душвор, вале пуршарафи сулҳу ваҳдатро тай намуд. Ин роҳ бо иродаи қавии Пешвои миллат ва бо ҳамбастагии мардуми бофарҳанги тоҷик муяссар гардид.
Сипас муовинони директор оид ба короҳои тарбиявии муассисаҳои таълимии шаҳр бо намояндагони шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд ба дарсҳои намунавии тарбиявии омўзгорони МТМУ №21 бахшида ба Ватан, Пешвои миллат, Иҷлосияи 16-уми Шӯрои ОЛӣ, Парчами давлатӣ, забони давлатӣ, ҳифзи муҳити зист ва ғайраҳо омода шуда буданд, иштирок намуда, онро таҳлилу баррасӣ карданд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







