20 Ноябр 2025
Муассисаи таҳсилоти томактабии ғайридавлатии “Азизи дилҳо” дар маҳаллаи “Ваҳдат”-и шаҳри Хуҷанд дар заминаи дастгирии давлатӣ оид ба рушди соҳаи маориф, ҷиҳати амалисозии дастуру ҳидоятҳои маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Нигина Ибодуллоева бунёд шудааст, тариқи маҷозӣ мавриди истифобарӣ қарор дода шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки бино бо тарҳу лоиҳаи хоса барои таълиму тарбияи то 100 нафар кӯдак пешбинӣ шудааст.
Иншоот аз 2 ошёна, хонаҳои алоҳидаи хоб ва машғулиятгузаронӣ барои 4 гурӯҳ, толори мусиқӣ, ҳуҷраи тиббӣ, ҳуҷраҳои корӣ ва ёрирасон иборат аст.
Дар саҳни ҳавлӣ суҳбаткадаҳои мавсимӣ, ҳавзи шиноварӣ мавҷуд буда, муассиса барои таъмини фаъолияти мунтазаму самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистон ба шабакаи гармидиҳӣ пайваст мебошад.
Бо бунёди бинои иловагӣ 15 нафар мутахассисони соҳибтахасус бо кор таъмин гаштанд.
Раванди таълиму тарбия дар муассиса асосан бо забони русӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳамзамон ба омӯзиши забонҳои дигари хориҷӣ, аз ҷумла англисӣ эътибори ҷиддӣ зоҳир карда шуда, тарбиятгирандагон тибқи нақшаи барномаи давлатӣ ба омӯзиши забонҳои русиву англисӣ ҷалб карда мешаванд. Дар кӯдакистон ба рушди ҳунарҳои миллӣ, омӯзиши пухтупази хӯрокҳои миллӣ, санъати тасвирӣ ва гимнастикаи бадеӣ эътибори хосса дода мешавад.
Зикр кардан ба маврид аст, ки кӯдакистони “Азизи дилҳо” дар микроноҳияи навбунёди 26-уми маҳаллаи “Ваҳдат” ягона муассисаи томактабӣ дар ин маҳали аҳолинишин буда, ба истифода додани ин муассисаи томактабӣ фарогирии кӯдакони маҳалларо ба муассисаҳои томактабиро қонеъ хоҳад кард.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







