(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt19 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дастовардҳои сокинони вилоят, сафари корӣ дар як қатор шаҳру ноҳияҳо ва рафти корҳои ободонию созандагӣ дар шаҳру ноҳияҳо ба ифтихори таҷлили сазовори ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатиро натиҷагирӣ намуданд. Таъкид гардид, ки дар доираи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ то имрӯз дар ҳудуди вилоят 12 ҳазору 66 иншооту биноҳои иҷтимоиву истеҳсолӣ бунёду азнавсозӣ гардидааст, ки ин 100,5 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз фурсати муносиб, ба мардум ва соҳибкорони бонангу номуси вилоят барои заҳмати ватандӯстона изҳори сипос намуданд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ намуда, иброз доштанд, ки то имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар доираи 92 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ маблағи беш аз 11 миллиард сомонӣ амалӣ шудааст. Ҳоло барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинони вилоят ва ободу пешрафта гардонидани он татбиқи 19 лоиҳаи дигар идома дорад, ки дар доираи онҳо 2,6 миллиард сомонӣ аз худ гардидааст. Гуфта шуд, ки лоиҳаҳои зикргардида асосан ба сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо, рушди соҳаи энергетика, таҳкими соҳаи кишоварзӣ, таъмин намудани устувории зидди офатҳои табиӣ ва ҳамкории минтақавии иқтисодии Осиёи Марказӣ тавассути бунёди долонҳои нақлиётиву иқтисодӣ равона шудааст. Зимни таҳлили натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар даҳ моҳи соли равон таъкид гардид, ки ҳарчанд дар вилоят дар ин давра нақшаи ҷамъоварии андозҳо бо дарназардошти андози иҷтимоӣ 106 фоиз иҷро гардидааст, аммо бақияи қарзи андоз тамоюли афзоиш дорад, ки андешидани тадбирҳои таъхирнопазирро тақозо менамояд. Сарвари давлат дар робита ба вазъи соҳаи саноат дар вилоят ба масъулин супориш доданд, ки барои ҷалби бештари сармоя, рушди истеҳсолоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда тадбирҳои иловагӣ андешанд. Аз натиҷаи машварати кории Роҳбари давлат, ки 25 апрели соли равон вобаста ба масъалаҳои ҳарчи зудтар бартараф кардани мушкилоту масъалаҳои ҳалталаби соҳаи энергетика баргузор гардида буд, ёдовар шуда, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин супориш доданд, ки барои пешгирии ҳолатҳои истифодаи ғайримақсадноку ғайриқонунии неруи барқ ва дигар қонунвайронкуниҳо дар ин самт тадбирҳои қатъӣ андешанд. Баҳри иҷрои пурра ва самараноки барномаҳои давлатии бахши кишоварзӣ роҳбарони соҳа ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ аз Сарвари давлат супориш гирифтанд, ки барои сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ кардани ҳосили зироатҳои тирамоҳӣ, бахусус, пахта, инчунин, пешгирӣ намудани талафот дар соҳаи парандапарварию занбӯриасалпарварӣ чораҷӯйӣ намоянд. Дастуру супоришҳо, ҳамчунин, доир ба омодасозии заминҳои кишт, мунтазам таъмин намудани бозори дохилӣ бо маҳсулоти хушсифат ва баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар дода шуд. Зимни таҳлили вазъи соҳаи маориф Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки дар баробари бунёди даҳҳо иншооти соҳаи маориф, дар ҳудуди вилояти Суғд биноҳои 54 муассисаи дигар дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, 32 бинои муассисаи таълимӣ ба таъмири асосӣ ниёз дорад. Инчунин, дар 4 муассисаи таълимӣ хонандагон дар се баст таҳсил мекунанд. Масъулини сохторҳои марбута вазифадор шуданд, ки доир ба бартарафсозии мушкилоти зикршуда ва ҳалли дигар масъалаҳои соҳа чораҳои мушаххас андешанд. Дар вилояти Суғд 22 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо фарогирии беш аз 10 ҳазор хонанда ва 22 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ фаъолият дорад, ки дар онҳо 23 ҳазор донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Вале заминаҳои моддиву техникии ин муассисаҳо, бахусус, озмоишгоҳҳо ва таҷҳизоти таълимию истеҳсолии онҳо беҳбудии ҷиддӣ тақозо менамояд. Раисони вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он супориш гирифтанд, ки барои таъмиру таҷдиди муассисаҳои мазкур тадбирҳои амалӣ андешида, барои касбомӯзии шаҳрвандон шароити мусоиди таълимию истеҳсолӣ муҳайё созанд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои баррасии вазъи соҳаи тандурустӣ ва дорусозӣ дастур доданд, ки бо истифода аз неъматҳои бебаҳои табиат, бахусус ҳазорҳо намуди растаниҳои шифобахш, аз ҷумла растаниҳои доруворӣ барои ташкили корхонаҳои дорусозӣ бо истифодаи технологияву стандартҳои муосир чораҳои мушаххас андешанд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд, ҳамчунин, вазъи риояи қонунияту тартибот ва интизоми хизматиро муҳокима намуда, таъкид доштанд, ки дар вилоят чандон қонеъкунанда нест. Ҳолатҳои зиёди талафоти беасоси қувваи барқ, напардохтан ё азонихудкунии маблағи истифодаи он ва зиёд гардидани қарздории истифодаи қувваи барқ аз масъалаҳои ташвишовар дар ин соҳа номида шуд. Дар фароварди сухан Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар таваҷҷуҳи роҳбарону фаъолони вилоятро ба масъалаи истиқболи арзандаи ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии истиқлоли давлатӣ ҷалб намуданд. Таъкид гардид, ки ҳар яки мо вазифадорем то ба хотири таҳкими минбаъдаи мавқеи кишварамон дар арсаи байналмилалӣ беш аз пеш талош намоем ва заҳмат кашем. Баъди суханронии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва роҳбарони шаҳру ноҳияҳои Суғд оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушду пешрафти соҳаҳои гуногун ҳисобот доданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...