НАМУНАИ ИБРАТ: ШИРКАТИ "ТОҶСОХТМОН" БИНОИ ИЛОВАГИИ ГИМНАЗИЯИ №4-И ШАҲРИ ХУҶАНД СОХТА БА ИСТИФОДА ДОД
19 Ноябр 2025
18-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тариқи фосилавӣ бинои иловагии гимназияи №4-ро мавриди истифода қарор доданд.
Бинои иловагии бинои хуштарҳу замонавии гимназияи № аз 4 аз 4 ошёна ва таҳхона иборат буда, барои 1700 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Он пурра ҷавобгуи талаботи сохтмонӣ ва меъёрҳои амалкунандаи соҳаи маориф мебошад.
Бояд қайд намуд, ки бинои мазкур дар асоси ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Набиҷон Абдураззоқов роҳбари ширкати “Тоҷсохтмон”, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд сохта ба истифода дода шуд.
Бинои иловагӣ 34 синф 9 кабинети фаннии муҷаҳҳаз иборат буда, бо шабакаи ягонаи гармидиҳӣ таъмин шудааст.
Чунин иқдоми соҳибкори ватанӣ дар шаҳри Хуҷанд бори аввал буда, айни ҳол сохтмони биноҳои иловагии гимназияи №1, МТМУ №7 ва 14 аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ бомаром идома дорад.
Дар Паёми Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 2024 баён гардид, ки бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар се соли охир аз ҳисоби соҳибкорону шахсони саховатпеша ва сокинони бонангу номуси ҷумҳурӣ беш аз 20 миллиард сомонӣ хароҷот карда шуд.
Ба таъкиди Сарвари кишвар дар ин давра беш аз 1500 иншооти соҳаи маориф, яъне муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ, 660 иншооти соҳаи тандурустӣ, 480 иншооти варзишӣ, 175 иншооти фарҳангу фароғатӣ ва ҳазорҳо иншооти дигари истеҳсолию иҷтимоӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд.
«Корҳое, ки дар ин самт анҷом дода шуданд, ба таъмин гардидани нишондиҳандаҳои пешбинигардидаи рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва пешрафту ободии шаҳру деҳоти мамлакат мусоидат намуданд. Дар ҳама ин корҳои хайри ободонӣ саҳми соҳибкорон ва сокинони мамлакат бисёр бузург мебошад»,-тазаккур доданд Сарвари давлат.
Дар Паём Президенти Тоҷикистон ба ҳама соҳибкорон, шахсони саховатпеша ва кулли мардуми Тоҷикистон барои дастгирии ташаббусҳои Ҳукумат ва саҳмгузорӣ дар ободию пешрафти мамлакат сипосу миннатдории самимӣ баён намуданд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







