(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

alt18 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои нави маъмурии Минтақаи озоди иқтисодии Суғдро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншоот туҳфаи арзанда ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба кормандони минтақаи озоди иқтисодии Суғд, соҳибкорон ва сокинони вилоят ба ҳисоб меравад. Бинои маъмурӣ аз ҳисоби маблағҳои ҷумҳуриявӣ дар масоҳати умумии 10 ҳазору 100 метри мураббаъ сохта шуда, дар рафти корҳои бунёдӣ 100 бинокори маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин гардид. Маъмурият аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, дар қабати якум шуъбаҳои хизматрасонӣ ба шаҳрвандон ҷойгир аст. Ошёнаҳои болоӣ дорои толори маҷлис, ҳуҷраҳои роҳбарият ва ёрирасон буда, бо таҷҳизоти насли нав муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Дар бино толори алоҳидаи хизматрасонӣ мавҷуд аст, ки дар он соҳибкорон бо истифода аз шабакаи интернет аз хизматрасониҳои алоҳидаи саноатӣ истифода мебаранд, аз ҷумла, дархости хизматрасонии худро тариқи электронӣ пешниҳод менамоянд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз фароҳам гардидани имкониятҳои муосир дар минтақаи озоди иқтисодии вилояти Суғд изҳори қаноатмандӣ карда, масъулинро ба истеҳсоли маҳсулоти босифат ва содироти он ба хориҷи кишвар роҳнамои намуданд. Дар навбати худ кормандони минтақаи озоди иқтисодӣ аз дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла, фароҳам овардани беҳтарин шароити корӣ дар бинои нави маъмурият изҳори сипос намуда, Сарвари давлатро бовар кунонданд, ки дар ҷавоб ба ин дастгириҳо, хубтару беҳтар фаъолият мекунанд ва тамоми донишу таҷрибаи худро ба ворид кардани таҷҳизоти замони навин истеҳсоли маҳсулоти хушсифат ва дар сатҳи баланду муосир анҷом додани хизматрасонӣ ба шаҳрвандону соҳибкорон равона менамоянд. Саҳни бино пурра сабзкорӣ гардида, дар он фаввора ва нишастгоҳҳои замонавӣ бунёд ёфтааст. Ҳамчунин, барои нақлиёти хизматӣ таваққуфгоҳ ва иншооти дигари ёрирасон сохта шудааст. Дар саҳни бино намунаи маҳсулоти 48 корхонаи Минтақаи озоди иқтисодии Суғд ба намоиш гузошта шуд. Таҷҳизот ва маснуоти гуногун, ки дар корхонаҳои истеҳсолии ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодӣ коркард ва тавлид мегарданд, бо тамғаи истеҳсоли Тоҷикистон (made in Tajikistan) ба бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ пешниҳод мешаванд. Ин иқдом дар кори шиносоӣ ва муаррифии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар нақши арзанда мегузорад.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...