(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt 18 ноябр дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Хуҷанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи коркард ва бандубасти меваи хушки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Донаи алмосро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Корхона дар доираи шарикии давлат бо бахши хусусӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Озода Ҳазратзода дар масоҳати 4782 метри мураббаъ бунёд шудааст. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо имкониятҳои истеҳсолӣ ва хатҳои технологие, ки барои коркарди меваи тару тоза ва истеҳсоли маҳсулоти хушк истифода мешавад, шинос шуданд. Ба Пешвои миллат иттилоъ дода шуд, ки самти фаъолияти корхонаи мазкур коркард, бастубанд ва содироти меваи хушк буда, дар он зиёда аз 20 навъи маҳсулот, аз ҷумла зардолуи хушки донакдор, писта, олуча, гулхор, чормағзи заминӣ, тут ва омехтаи як қатор меваҳои хушк омода карда мешавад. Корхона бо дастгоҳҳои навини хориҷӣ муҷаҳҳаз буда, дорои тавоноии коркарди то 2000 тонна мева дар як сол ва бастабандии маҳсулот дар шаклҳои гуногун мебошад. Меваи хушке, ки дар корхона коркард мешавад, мувофиқи стандартҳои байналмилалӣ омода гардида, ба зиёда аз 30 кишвар, аз ҷумла Олмон, Русия, Чин, Беларус, Озарбойҷон, Эрон, Туркия ва Амороти Муттаҳидаи Араб содирот карда мешавад. Мағзи зардолу аз ин ҷо ба Олмон барои истифода дар коркарди шир содир карда мешавад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки истеҳсолкунандагон бояд қабл аз ҳама ба сифати коркард, бастабандии муосир ва тарғиби бренди ватанӣ диққати махсус диҳанд, то маҳсулоти ватанӣ дар бозорҳои байналмилалӣ рақобатпазир бошад. Баробари ба фаъолият оғоз намудани корхонаи Донаи алмос 40 сокини маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин гардид. Иттилоъ дода шуд, ки кор оянда дар 2 баст ба роҳ монда шуда, шумораи коргарон дучанд мегардад. Маводи хом барои корхона аз хоҷагиҳои деҳқонии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ харидорӣ карда мешавад. Таҷҳизоти насбгардида маҳсулотро бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ коркард ва бандубаст мекунад. Раванди омодасозии маҳсулот дар хатти истеҳсолии корхонаи мазкур аз шустани меваи хушк оғоз гардида, ба навъҳо ҷудову коркард ва ниҳоят дар қуттиҳои махсус бастабандӣ кардани он анҷом меёбад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо имкониятҳои корхона ба сифати корҳои сохтмонӣ ва нақши он дар таъмини ҷойҳои нави корӣ баҳои баланд доданд. Дар саҳни ҳавлии корхона намунаи маҳсулоти ин коргоҳи саноатӣ ва маҳсулоти кишоварзии вилоят ба намоиш гузошта шуд. Иттилоъ дода шуд, ки ҳосилнокии картошка дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба ҳисоби миёна ба 516 сентнер аз гектар баробар шуда, дар баъзе хоҷагиҳои деҳқонӣ то 1000 сентнер ҳосил аз як гектар ҷамъоварӣ гардидааст. Бояд гуфт, ки соҳаи саноат дар рушди иқтисодиёти миллӣ нақши муассир дошта, таъсиси корхонаҳои нав, муҳайё кардани ҷойҳои корӣ, афзун намудани номгӯи маҳсулоти рақобатпазир ва содироти он ба некӯаҳволии мардум мусоидат хоҳад кард. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз намоишгоҳ роҷеъ ба таъминоти бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти рақобатпазир ва тақвияти содироти молу маҳсулоти ватанӣ ба соҳибкорон дастуру супоришҳои муфид доданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...