(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

alt18 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ширии Комплекси агросанотии Саховат оғози расмӣ бахшиданд.

Иттилоъ дода шуд, ки корхонаи тозабунёд дар як шабонарӯз иқтидори коркарди 10 тонна ширро дошта, 12 намуд маҳсулот истеҳсол менамояд. Дар ин ҷо тавассути технологияи нави инноватсионӣ ва ҷалби 30 коргари маҳаллӣ маҳсулоти босифат аз шири табиӣ бо тамғаи Саховат милк истеҳсол мешавад. Барои захираи маҳсулоти тайёр ва ба талаботи санитариву бехатарӣ ба бозори истеъмолӣ пешниҳод кардани он, дар корхона, озмоишгоҳ, сардхона, нуқтаи қабули шир, гармхона ва анбори нигоҳдории маҳсулот бо таҷҳизоти замонавӣ бунёд шудааст. Технологияи корхона дар доираи фазои мусоиди соҳибкориву сармоягузорӣ бо арзиши 800 ҳазор сомонӣ, бе пардохти боҷи гумрукӣ аз хориҷи кишвар ворид шудааст, ки бо истифода аз он мутахассисон метавонанд маҳсулоти босифати дорои стандарти баландро истеҳсол намоянд. Ба Сарвари давлат ҳамчунин иттилоъ доданд, ки дар оянда бо афзоиши талабот, истеҳсоли маҳсулот аз 12 то ба 60 намуд расонида мешавад. Ёдовар мешавем, ки 30 марти соли 2025 зимни шиносоӣ бо фаъолияти фермаи парвариши чорвои зотии Комплекси агросанотии Саховат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкор Ҳалимбой Каримов дастур дода буданд, ки барои қабулу коркарди шир ва таъмини талаботи аҳолӣ бо маҳсулоти ширӣ корхонаи нави саноатӣ бунёд намояд. Соҳибкор бо истифода аз имтиёзу дастгириҳои давлатӣ корхонаро дар муҳлати 8 моҳ сохта, ба кор даровард. Бо таъсиси корхона, саршумори чорвои ширдеҳ дар фермаи Саховат аз 100 ба 200 сар расонда шуд, ки оянда ба афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ширӣ, таъмини талаботи аҳолӣ бо маҳсулоти босифати ватанӣ ва коҳиши воридоти он аз хориҷи кишвар мусоидат мекунад. Дар бинои дуошёна барои кормандон, ҳамзамон, ҳуҷраҳои муосири корӣ, маҷлисгоҳ ва дигар иншооти ёрирасон бунёд гардидааст, ки ҳамаи ин барои пешбурди фаъолияти мутахасиссону коргарон пешбинӣ шудааст. Муассиси корхона ба Сарвари давлат иловатан ваъда дод, ки дар муҳлати кӯтоҳ бо ворид намудани таҷҳизоти муосир, коргоҳи дигари саноатиро бунёд мекунад, ки дар он истеҳсоли панир ба роҳ монда мешавад. Дар вилояти Суғд дар заминаи фазои мусоиди соҳибкориву сармоягузорӣ, фаъолияти бахши хусусӣ ҳамеша дастгирӣ меёбад. Бо истифода аз ин шароити мусоид, давоми солҳои охир бо дастгирии Ҳукумати кишвар ва саҳми соҳибкорон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 18 коргоҳу корхонаи коркарди маҳсулоти ширӣ сохта, ба истифода дода шуд, ки ҳоло онҳо фаъолияти назарраси истеҳсолӣ доранд. Дар 10 моҳи соли равон бо ба кор даровардани коргоҳу корхонаҳои нав истеҳсоли маҳсулоти ширӣ дар кишвар 120 фоиз зиёд карда шуд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...