(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt18 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои Муассисаи томактабии хусусии Кӯдакистони Арчаро, ки аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Фортуна Ко, ки ба таври инноватсионӣ бунёд шудааст, ба истифода доданд.

Кӯдакистони Арча дар асоси татбиқи нишондоди Паёми Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ оид ба бунёди муассисаҳои томактабӣ ва марказҳои инкишофи кӯдак дар маҳаллаҳои аҳолинишин бунёд гардида, мақсади он фарогирии бештари кӯдакон ба низоми ибтидоии таълим арзёбӣ мешавад. Кӯдакистони инноватсионии Арча барои 500 кӯдак сохта шуда, дар маҳаллаи 7-уми шаҳри Хуҷанд ба фаъолият оғоз кард. Муассисаи нави томактабӣ бобати таъмини кӯдакон бо муҳити бехатар, инноватсионӣ ва устувори таълимӣ аз ҳисоби маблағҳои шахсии оилаи Очиловҳо бунёд ёфтааст. Баробари ба истифода додани боғча зиёда аз 40 мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи корӣ ва маоши муносиб таъмин шуданд. Ин лоиҳа ҳамчун намунаи равшани сармоягузорӣ ба муассисаҳои иҷтимоии хусусӣ ва як қадами калидии стратегии рушди захираҳои инсонӣ дар Тоҷикистон маънидод мегардад. Низоми таълим дар муассисаи нави томактабӣ тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ буда, барои ба боғча расондани кӯдакон се воситаи нақлиёти муосир харидорӣ шудааст. Боғча бо инфрасохтори инноватсионӣ, синфхонаҳои интеллектуалӣ, фазои мусоиди экологӣ ва барномаҳои тарбияву рушди ҳамаҷониба барои кӯдакони синни томактабӣ таъсис дода шудааст. Дар муассисаи томактабӣ 18 гурӯҳ ташкил шудааст, ки ҳар кадоме бештар аз 20 кӯдакро ба таълиму тарбия фаро мегирад. Теъдоди синфхона, ҳуҷраҳои хоб ва ёрирасон бошад, ба 25 адад мерасад. Толори варзишӣ барои кӯдакон ва ошхонаи муҷаҳҳазу барҳаво аз имкониятҳои дигари муассисаи таълимии томактабӣ мебошад. Дар синфхонаҳои замонавӣ ва ҷавобгӯ ба стандартҳои пазируфташуда Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тарбиятгирандагони кӯдакистон суҳбати самимӣ анҷом доданд. Гурӯҳҳо ба маҳфилҳои бозӣ, китобхонӣ, санъат, бозиҳои нақшофарӣ, табиатшиносӣ ва ғайра ҷудо карда шудааст. Ба рушди нутқи кӯдакон ва тафаккури тарбиятгиранда афзалият дода мешавад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои боздид аз ин иншоот, ки бо санъати муосири меъмории миллию аврупоӣ бунёд шудааст, баҳои баланд доданд. Дар ҳамин ҷо пас аз ифтитоҳи кӯдакистони нав Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тариқи фосилавӣ ба фаъолияти кӯдакистони Азизи дилҳо дар шаҳри Хуҷанд, ки аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Азизи дилҳо” бунёд шудааст, оғоз бахшиданд. Иншоот дар масоҳати 36 садяк замин, дар ду ошёна аз тарафи соҳибкор Нигина Ибодуллоева бунёд шудааст ва дар он 120 кӯдак дар чор гурӯҳ ба тарбия фаро гирифта шудаанд. Таълим дар ин кӯдакистон бо се забон-тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст. Аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Меҳрофарин бошад, дар шаҳри Хуҷанд кӯдакистони Донояк ба истифода дода шуд. Ин муассисаи томактабӣ барои 60 кӯдак пешбинӣ гардида, он аз се ошёна иборат аст. Таълим дар ин кӯдакистон ҳам бо се забон тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ мебошад. Ифтитоҳи иншооти дигари соҳаи маориф, 1 кӯдакистон дар ноҳияи Айнӣ низ аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тариқи фосилавӣ сурат гирифт. Кӯдакистони Фаринӯш дар ноҳияи Айнӣ дар доираи вусъати корҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Томин ба истифода дода шуд. Бинои нави кӯдакистон аз ду ошёна иборат буда, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, саҳми соҳибкорони ташаббускор ва шахсони саховатпешаи деҳа сохта шудааст. Дар кӯдакистони нав имкони ба таълими томактабӣ фаро гирифтани 40 кӯдак мавҷуд буда, он дорои шароити муосир мебошад. Ҳуҷраҳо барои гузаронидани машғулиятҳо, ҳуҷраҳои хоб ва фароғат дар муассисаи томактабӣ дорои шароити мусоид буда, бо лавозимоти соҳавӣ муҷаҳҳаз мебошанд. Ҳамчунин, дар ҳамин рӯз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 8 маркази инкишофи барвақтии кӯдаконро, воқеъ дар назди муассисаҳои таълимии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд. Сохтмони марказҳои инкишофи барвақтии кӯдакон дар назди муассисаҳои таълимии №23-и деҳаи Лангар, муассисаи таълимии №31-и деҳаи Сабағ ва муассисаи таълимии №10-и деҳаи Деҳманораи деҳоти Лангар, муассисаи таълимии №17-и деҳаи Ронч, муассисаи таълимии №11-и деҳаи Ғузн, муассисаи таълимии №32-и деҳаи Рогиф ва муассисаи таълимии №11-и деҳаи Рӯзи деҳоти ба номи Иван-Тоҷики ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо сифати баланд анҷом дода шудааст. Марказҳои инкишофи барвақтии кӯдакон, дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути маблағгузории Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи Инкишофи барвақтии кӯдакон барои густариши инсонӣ дар Тоҷикистони назди Вазорати молияи кишвар бунёд гардидааст. Дар ҳар яке аз ин муассисаҳо аз 25 то 60 кӯдак ба таҳсилоти иловагӣ фаро гирифта мешаванд. Зимни суҳбат бо масъулони тарҳи бунёди марказҳои инкишофи барвақтии кӯдакон дар назди муассисаҳои таълимии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онҳоро барои ҳиссагузории бештар дар пешрафти низоми маорифи Тоҷикистон, бахусус саҳмгузорӣ бобати рушди зинаи ибтидоии таълим, ҳидоят карданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...