16 Ноябр 2025
Дар МТМУ №12-и шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинӣ таҳти унвони "Пешвои мо-ифтихори мо" баргузор шуд.
Таъкид шуд,ки маҳз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати миллӣ сохтанд, онро ба субъекти ҳуқуқи байналмилалӣ табдил доданд ва барои ҳамеша дар харитаи сиёсии ҷаҳон ҷойгир намуданд. Чунин хизмат ва чунин корнамоӣ номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар саҳифаҳои таърихи миллат ҷовидона нигоҳ медорад. Миллати шукргузори тоҷик низ хизматҳои ин фарзанди ҷонфидои миллатро ҳамеша дар хотираи таърихии худ нигоҳ хоҳад дошт.
Дар саҳифаҳои пурпечутоби таърихи халқи тоҷик номи Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун меъмори давлатдории нав, наҷотбахши миллат ва рамзи ваҳдату суботи сиёсӣ бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст. Агар аз нигоҳи илм ва сиёсат ба давраи муосири Тоҷикистон назар афканем, тамоми комёбиҳои мамлакат дар чаҳорчӯбаи истиқлолияти давлатӣ бо шахсияти Сарвари давлат пайванд доранд.
Дар рӯзҳои сангини ҷанги шаҳрвандӣ, вақте ки мардум дар дудилагӣ ва даҳшат зиндагӣ мекарданд, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба саҳнаи сиёсат омаданд, бо иродаи қавӣ, бо каломи нарм ва бо дили пур аз муҳаббати Ватан тавонистанд халқи парешонро муттаҳид созанд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди интихоб шудан ба ҳайси Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз минбари Иҷлосияи XVI иброз намуданд, ки «ман ба шумо сулҳ меорам».
Ин суханҳо ба ирода ва амали ин марди сиёсат табдил ёфтанд. Бо талошҳояшон Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ дар соли 1997 ба имзо расид. Тоҷикистон аз вартаи парокандагӣ ба роҳи зиндагии осоишта қадам гузошт.
Хонандагон дар васфи Пешвои миллат шеъру гуфтор ва сурудҳо қироат намуданд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







