10 Феврал 2015
Хотиррасон менамоем, ки дар мусобиқаи мазкур 13 дастаҳои сохторҳои номбурда байни худ мубориза бурда дар ниҳоят барои соҳиби Ҷом гаштан дастаҳои Прокуратураи вилояти Суғд ва дастаи Раёсати Вазорати корҳои дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бозӣ намуда бо натиҷаи 5:2 ба анҷом расонданд. Дар ин мусобиқа дастаи Прокуратураи вилояти Суғд ба ҳарифи худ ғолиб омада соҳиби Ҷом гардид.
Медали биринҷии мусобиқа насиби Дастаи Таъиноти махсуси милиса гардид. Ин сабқат зери шиори “Варзиш барои оилаи солим ва зидди нашъамандӣ” баргузор гардида, дар он ба ғайр аз дастаҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қудратӣ ва 8 дастаи наврасону ҷавонони вилояти Суғд низ иштирок доштанд.
Шариф Назарзода, сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилоят шоҳҷоиза - “Ҷоми вазири корҳои дохилии Тоҷикистон”-ро ба тими Прокуратураи вилояти Суғд тақдим кард.