15 Ноябр 2025
Таърих гувоҳ аст, ки ин сарзамин абармардонеро ба дунё овардааст, ки ҳар кадом дар замони хеш бо хирад, заковат, дониш ва фазилат соҳиби мартабаву шуҳрати беканор гардида, самараи умру хидматҳои беназир ва мақому манзалаташон ҳамеша ва дар ҳама давру замон боиси ситоиш ва қадрдшиносӣ мебошад. Воқеан ҳам корномаву қаҳрамониҳои ин фарзонафарзандони миллат дар мароҳили таърихӣ сарчашмаи илҳоми ватандӯстон ва умедбахшандаи зисту зиндагонии мардумон гардидааст.
Дар марҳилаи нави давлатдории тоҷикон ин нукта, замоне ки мамлакат дар ҳалқаи сиёҳ печида, ҷомеаи шаҳрвандиро ноумедиву рўҳафтодагӣ фаро гирифта буд, таърих ба саҳнаи сиёсат марди наҷибу созанда муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро овард, маълуму мафҳум ва ҳақиқати возеҳу бебаҳс аст.
Дар замоне, ки касе ба як соати ояндаи зиндагӣ бовар надошт, дар шароите, ки модар баргаштани фарзанд ва ё зан шавҳари барои нон ба мағоза рафтаашро бо сад гумону хаёл интизорӣ кашида, даст ба домони Худованд мезад, дар лаҳзае, ки садои тиру туфанг нолаи модарону гиряи кўдаконро пахш карда буд, дар он рўзгоре, ки адлу инсоф, дўстию муҳаббат, садоқату ҳақиқатро беинсофию нобарорӣ, хиёнату чоплусӣ, номардию туҳмат гулўгир намуда буд, ӯ масъулияти роҳбариро ба дӯш гирифта, умед ва боварро ба сулҳу ваҳдат дар дили мардум ҷо карданд.
Мусаллам аст, ки Президенти ҳар кишвар на танҳо Пешвои миллат, Сарвари давлат, балки пойдевор ва дастгири халқ мебошад. Хушбахтӣ ва саодати мардуми тоҷик аст, ки имрўз мо соҳиби чунин раҳбар, чунин сарвар ва чунин Президенте ҳастем, ки бо тафаккури равшан, хиради барҷаста ва афкори пешқадами хеш наздики 35 сол аст, ки Тоҷикистони азизи моро ба сўи саодати бузург ва иқболи баланд раҳнамоӣ мекунанд. Маҳз, ҳамин хидматҳои барҷаставу нотакрори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки дар кутоҳтарин фурсат Тоҷикистон марҳилаи душвори гузаришро сипарӣ намуда, ба ҷанги бародаркуш хотима бахшида, сулҳу оромишро дар мамлакат таъмин намоянд. Дар сангинтарин замонҳо барои кишварамон ин марди ҷасур ба майдон баромад, то миллати тоҷикро аз вартаи нестӣ наҷот диҳад. Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, вақте ки ҳеҷ кас умеде барои ояндаи дурахшон надошт, Пешвои миллат Тоҷикистонро ҳамчун паррандаи афсонавии Симурғ аз хокистари оташи сухтарафта эҳё кард. Ҳосили таъмини сулҳ буд, ки кишвари мо дар кутоҳтарин фурсат аз назари иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангиву маърифатӣ рў ба пешрафтҳои назаррас оварда, як марҳилаи томи рушду такомулро сипарӣ намуд. Нодиртарин меъёрҳои идоракунии ҷаҳонӣ дар низомҳои мухталифи Тоҷикистон татбиқ гардида, марҳилаи гузариш ба татбиқи равандҳои ҷаҳонии пешрафтҳои иқтисодиёт, барномаҳои бузурги таъмини истиқлоли энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва амнияти озуқаворӣ ҳамчун се ҳадафи аввалияти рушди Тоҷикистон дар амал татбиқ шуда, барои мусоидат дар амали ҳадафи чаҳорум- саноатикунонии мамлакат имкониятҳо фароҳам омаданд.
Тарҳи сулҳи тоҷикон, ки ба номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванд гирифта, дар саросари олам имрўз муаррифӣ ва татбиқ мешавад, бори дигар собит сохт, ки ин сулҳи деринтизор дар баробари натиҷаи заҳмату талош ва оини ҷавонмардиву ватандўстиҳои нотакрори сарвари давлати мо будан барои ҷаҳони муосир ҳамчун намунаи беҳтарини сулҳофаринӣ шинохта шудааст.
Сарварони созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, кишварҳои олам, ходимони давлативу ҷамъиятӣ, олимону адибони сатҳи ҷаҳонӣ ба ин таҷрибаи нодири сулҳофаринӣ бо чашми муҳаббату иродат ва ихлоси тамом назар афканда, кўшишу талош ва ибтикороти Пешвои миллати моро васфу ситоиш кардаанд. Аз ҷумла, шоир ва нависандаи Доғистон Расул Ғамзатов ба таҷрибаи сулҳи тоҷикон ва хидматҳои Пешвои миллати мо баҳои баланд дода навиштааст: “Ман аз сулҳ дар Тоҷикистон ниҳоят мамнунам. Инсони боҷасорату хирадманд - Президенти Тоҷикистон тавонист формулаи сулҳи ҷанги бародаркушро ёбад”.
Бегумон ҳамин хидматҳои бузургу барҷастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон яке аз муҳимтарирн омилҳое гардид, ки дар тақвими миллии мо Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардида, саҳифаҳои тозае дар раванди давлатсозиву давлатдории миллии мо боз шавад. Ин аст, ки чанд соли охир 16 ноябр ҳамчун рузи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Ин пеш аз ҳама ба хотири хизматҳое, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои соҳибистиқололӣ ва пешрафти Ватани азизамон кардаанд, ҷараён гирифтааст.
Натиҷаи сиёсати созандаву башардӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ, ҳамчун кишвари ташаббускор дар роҳи ҳалли мушкилоти глобалӣ шинохта шудааст ва дар ин муддат чандин пешниҳодҳои байналмилалии кишвар бо ҷонибдории ҷомеаи ҷаҳон қабул ва татбиқ гардида истодаанд.
Дар марҳилаи нави бунёди давлати ҷавони Тоҷикистон тақдири баланди миллати тоҷик дар симои шахсияти беназири таърихӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон олитарин сифатҳои адолати инсонӣ, бузургдилию шуҷоат, раҳму шафқат ва қобилияти нотакрори ваҳдатофариро ато кард ва ҳамин ҳамоҳангӣ ҷомеаро ба сатҳи баланди хештаншиносӣ расонид.
Маҳз, бо заҳмату талошҳои пайгиронаи Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар интиҳои асри ХХ аз фоҷиаи миллӣ раҳоӣ ёфта, истиқлолияти давлатии худро таҳким бахшид ва миллати тоҷик баъд аз ҳазор сол дар роҳи эҳёи давлатдории миллӣ ба дастовардҳои бузурги таърихӣ ноил гардид ва имрӯз ба сӯи ояндаи нек устуворона қадам мегузорад.
Имрӯзҳо дар шаҳри Хуҷанд ҷиҳати истиқболи сазовори Ҷашни миллӣ корҳои созандагиву ободонӣ бомаром идома дошта, тибқи нақша бунёди 950 иншооти муҳиму ҳаётан зарурӣ пешбинӣ гардидааст. Аллакай, то имрӯз 1055 иншооти гуногуни ҷашнӣ сохта, ба истифода дода шуда, дар ин замина беш аз 4 ҳазор ҷойи нави кор таъсис ёфт. Дар доираи нақшаи чорабиниҳо то моҳи сентябри соли 2026 иловатан боз сохтмони зиёда аз 250 иншооти ҷашнӣ дар назар аст, ки аз нияти нек ва саъйи беандозаи Ҳукумати ҷумҳурӣ барои рушди ҷомеа шаҳодат медиҳад.
Ҳоло бо истифодаи имконияту захираҳои мавҷуда корҳои сохтмону таҷдид дар як қатор иншоот, аз ҷумла бинои маъмурии Палатаи савдо ва саноат, суди вилоятӣ, Маркази зеҳни сунъӣ, биноҳои иловагии Маркази клиникавии эндокринологии вилоятӣ, Маркази саратоншиносии вилоятӣ, бинои инноватсионии назди беморхонаи клиникии шаҳрии №1, як қатор муассисаҳои соҳаи маориф, корхонаҳои саноатӣ ва дигар иншоот бо ҷӯшу хурӯш идома доранд.
Мардуми шарифи Хуҷанд бо руҳияи баланди ватандорӣ ба истиқболи ин Ҷашни миллӣ омодагии ҳамаҷониба мебинанд. Ин ҳама тадбирҳо, бешубҳа, ифодагари садоқат ба арзишҳои истиқлолият, бозгӯи ҳисси баланди ватандӯстӣ ва масъулиятшиносии шаҳрвандон дар бунёди Тоҷикистони пешрафта мебошад.
Фирдавс Шарифзода,
Раиси шаҳри Хуҷанд







