14 Ноябр 2025
Тибқи нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд гурӯҳи корӣ бо иштироки намояндагони прокуратураи шаҳри Хуҷанд Ф. Нуруллозода, Сиёвуш Саидов, намояндагони ҶСК "Шабакаҳои тақсимоти барқи шаҳри Хуҷанд ва дигарон дар маҳаллаи "Раззоқ"-и шаҳри Хуҷанд корҳои фаҳмондадиҳӣ доир ба истифодаи самараноки қувваи барқ гузаронида шуд.
Мулоқот бо сокинони кӯчаҳои Ш. Рачабов, Р. Набиев, О.Калонов, А. Рахимбоев-и гузаронида шуда, дар он дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар машварати корӣ бо масъулини як қатор сохторҳои давлатӣ ва роҳбарони лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар соҳаи энергетика, ки санаи 25 апрели соли 2025 доир гардид, фаҳмонида дода шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки имрӯз дар шаҳри Хуҷанд тибқи қарори Раиси шаҳр аз 2 майи соли 2025 № 251 "Дар бораи таъсис додани гуруҳи кории шаҳр " гуруҳи корӣ дар ин самт таъсис ва амал карда истодааст.
Зимни мулоқотҳо ба сокинон зарурияти даровардани таъғйирот ба моддаи 253-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 382-и Кодекси маъмурии ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистонро вобаста ба қувваи барқ ва пардохти маблағи он шаҳр дода шуданд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







