11 Ноябр 2025
Шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба диққати ҳамаи ронандагони воситаҳои нақлиёт ва сокинони шаҳри Хуҷанд мерасонад, санаҳои 12-13-уми ноябри соли 2025 аз соати 08:00 то 20:00 бинобар гузаронидани таъмири баъзе қисматҳои роҳи хиёбони Исмоили Сомонӣ, аз меҳмонхонаи “Эҳсон” то пули асосии шаҳр ҳангоми зарурат ба пеш омадан, барои бехатарии ҳаракатчиёни роҳ ва бемамоният анҷом додани таъмири роҳ, ҳаракати нақлиёт муваққатан маҳдуд карда мешаванд.
Аз ин лиҳоз, аз ҳамаи ронандагон эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки дар ин рӯзҳо барои раҳоӣ аз танбашавии нақлиёт аз роҳҳои ҳамшафат истифода баранд. Қоидаҳои харакат дар роҳҳоро риоя намоянд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







