10 Феврал 2015
Ин навбат низ Раҷаббой Аҳмадзода ба ҳавлии ду нафар сокинони шаҳри Хуҷанд, ки дар интиҳои ҳафта барои азнавсозии манзили истиқоматишон ба Раиси шаҳр муроҷиат намуда буданд, рафта аз ҳолати манзилашон ошно шуд.
Сокини кӯчаи ба номи С. Ҳофиз ҳавлии № 370 Норӣ Собирова давоми чанд сол аст, ки бо ягона фарзанди маюбаш ду набераи худро тарбия менамояд. Келинаш бошад бемории рӯҳи дошта, ғайри қобили амал амал аст. Сокини дигар ин маҳалла кӯчаи С. Ҳофиз 163 Фотима Каримова бошад, ду фарзанди ноболиғро танҳо ба воя мерасонад.
Баъди шинос шудан бо ҳолати манзили сокинони номбурда, ки аён гардид, ки онҳо дар ҳолати садамавӣ қарор дошта комилан барои зиндагӣ номувофиқ гаштааст.
Раиси шаҳри Хуҷанд баъди шунидани хулосаи масъулини идораи сохтмони асосӣ, меъморӣ ва шаҳрсозӣ ва сохтмончиён супориш дод, ки дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин лоиҳаи хонаи истиқоматӣ омода карда шуда, аз моҳи оянда корҳои сохтмониро оғоз намоянд.
Раҷаббой Аҳмадзода супориш дод, ки дар нимаи аввали соли равон сокинони мазкур дар манзилҳои нави истикоматӣ зиндагӣ намоянд.