(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altКОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ЗИНДАГӢ ВА ФАЪОЛИЯТ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаи рўзи қабули Конститутсия чунин изҳор доштаанд, ки «Конститутсияи Тоҷикистон ба сифати санади муқаддас бояд мавриди омўзиши дақиқи тамоми гурўҳҳо ва кишрҳои ҷомеа қарор гирад ва мо насли ҷавонро бояд дар рўҳияи эҳтиром ба он тарбия намоем.

Омўзиши Конститутсия дар ҳамаи мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таълимиву тарбиявӣ, ташкилоту корхонаҳо ба роҳ монда шуда, барои татбиқи он бояд тамоми воситаву имкониятҳо истифода шаванд». Дарвоқеъ, яке аз муҳимтарин нишонаҳои давлати озоди мо Конститутсия маҳсуб меёбад, ки Тоҷикистони азиз сивуяк сол муқаддам ин санади олии ҳуқуқиро қабул кард. Конститутсияи мамлакат ҳуқуқу озодиҳои ҳар шаҳрвандро фарогир буда, аз беҳтарин қонунҳои асосии дунё эътироф шудааст, ки боиси ифтихор ва сарбаландии сокинони кишвар аст. Таърих ёд дорад, Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар шароити басо ҳассос ва даргириҳои шадиди сиёсӣ 6-уми ноябри соли 1994 ба тариқи раъйпурсии умумӣ қабул гардид. Он Тоҷикистонро давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ эълон намуд. Сарвари давлат зимни баррасии лоиҳа бевосита ширкат намуда, доир ба такмили Конститутсия ба як қатор моддаҳои он, аз ҷумла ҳолати душаҳрвандӣ, баробарҳуқуқии марду зан, дахлнопазирии инсон, шакли идоракунӣ, сохтори давлат, принсипҳои ташкили мақомоти олии давлат, таъсиси Ҳукумат, мақомоти додгоҳ ва дигар масъалаҳои умда андешаҳои бунёдӣ зикр намуданд, ки дар такмили лоиҳаи Конститутсия аҳамияти бузурги таърихӣ доранд. Боиси ифтихор аст, ки ҳар сол рўзи 6-уми ноябр дар қаламрави кишвари маҳбубамон ҳамчун рўзи қабул ва эътирофи Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол тантана ва қайд мегардад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр кулли мардуми сарбаланду заҳматкаши Хуҷандро ба муносибати қабули қонуни асосӣ – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона муборакбод менамояд. Ин санади муқаддас Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ба расмият даровард, роҳи ояндаи миллати куҳанбунёду созандаро ба сўи эъмори ҷомеаи нав ва таҳкими пояҳои давлатдории муосир мунаввар гардонд. Дар ин фосила қабули даҳҳо қонуну иловаву тағйирот ба онҳо аз қабили Қонун “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кўдак”, “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи мақоми омўзгор” ба имзо ва амал расиданд, ки дар ҳифзи ҳуқуқи иҷтимоъ ва кўдакону наврасон ва омўзгорон хизмат мекунанд. Воқеан, мақоми омўзгор дар миёни ҷомеа ҳамеша баланд аст ва қабули ин қонуни нав мартабаву масъулияти устодону омўзгоронро дар назди худ ва ватан бештар мегардонад. Айни ҳол дар мамлакат барномаи сеюми таълим ва тарбияи ҳуқуқӣ барои солҳои 2020 – 2030 чун идомаи мантиқию бомароми ташаббусҳои қаблӣ дар самти таъмини волоияти қонун ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд амалӣ шуда истодааст. Яъне, Конститутсия ҳамеша пуштибон ва ҳомии шаҳрвандони кишвар шуморида мешавад. Бори дигар, ҳамшаҳриёни гиромиро бо рўзи қабули Конститутсия табрику таҳният гуфта, орзу мекунам, ки маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон боло равад, Конститутсия ҳамчун чароғи роҳнамо ва шиносномаи миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳон бошад! Рўзи Қонуни асосӣ – пуштибони воқеии шаҳрвандон муборак!

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...