04 Ноябр 2025
Субҳи имрўз Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бо раванди тадбирҳои ободонию созандагӣ ва корҳои таҷдиду азнавсозӣ дар Маркази саломатии №2 аз наздик ошноӣ пайдо намуд.
Иттилоъ дода шуд, ки бинои Маркази саломатии №2, ки таъмирталаб шуда буд, имрӯзҳо бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ азнавсозӣ гардида, шароити хуби корӣ барои табибон ва ташхиси беморон муҳайё карда шудааст.
Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба ин иқдоми соҳибкорон изҳори миннатдорӣ намуда, аз ҷумла афзуд, ки бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба ҳадафҳои рушди ҳазорсола дар соҳаи тандурустии мамлакат дастовардҳои назаррас ба амал омадаанд.
Махсусан давоми солҳои охир бунёд ва мавриди истифода қарор додани садҳо муассисаҳои хуштарҳу замонавии тиббӣ ва бо таҷҳизоти муосир таъмин гардидани онҳо қадамҳои устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти расидан ба ҳадафҳои рушди ҳазорсола ба шумор мераванд.
Таъкид шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша ба рушди соҳаи тандурустӣ ва таъмини шароити моддию маънавии кормандони тиб таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, дар ин самт корҳои назаррас анҷом медиҳад. Аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ чун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Тоҷикистон қарор гирифта, барои рушди фаъолияти соҳа марҳила ба марҳила тадбирҳои зарурӣ амалӣ мегарданд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







