04 Ноябр 2025
Аҳли тарбиятгирандагони кӯдакистони №1-и шаҳри Хуҷанд яке аз идҳои қадимаи мардуми ориёинажод- Иди Меҳргонро бо ташкили чорабинии хушҳолӣ таҷлил намуданд. Кӯдакон дар васфи табиат, меваҳои шаҳдбори Тоҷикистон, фаслҳои сол, фазилатҳои иди Меҳргон шеъру суруд ва саҳначаҳои ҷолиб намоиш дода, табъи ҳозиринро болида сохтанд.
Таъкид гардид, ки идҳои суннатию таърихии аҷдодонамон маҳз дар замони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо иқдоми бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав эҳё гардиданд. Ва ҳар сол бо фаро расидани тирамоҳи зарин яке аз ин идҳои бузург- ҷашни Меҳргон бо шукӯҳу тантанаи хосса таҷлил мегардад. Ба таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «Меҳргон дар радифи пуршукӯҳтарин ҷашнвораҳои аҷдодии мардуми форсизабон қарор дошта, аз замони дуродури таърих манша мегирад. «Меҳргон» рамзи тирамоҳи зарнисор ва айёми ҷамъоварии ҳосили бо арақи ҷабин коштаи марди деҳқон мебошад».
Сарчашмаҳои куҳани таърихӣ шаҳодат медиҳанд, ки ниёгони мо дар ҷашни Меҳргон кӯчаю хиёбонҳо ва хонаҳоро тозаю озода намуда, кинаю кудуратро аз дил дур месохтанд ва сӯи якдигар бағали меҳрубонӣ ва ҳамдигарбахшӣ мекушоданд. Онҳо дар ин рӯз ҷомаю пероҳани арғувонӣ мепӯшиданд ва ба ҳамдигар табрикномаҳо ҳадя мекарданд, онҳоро атрогину хушбӯй месохтанд ва дар лифофаҳои зебо мегузоштанд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







