04 Ноябр 2025
Дар МТМУ№9-и шаҳри Хуҷанд чорабинии аҳли маорифи шаҳр бахшида ба 31 солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Конститутсия-ифодагари манфиатҳои халқ” бо шукуҳу шаҳомати хоса баргузор гардид.
Мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Мадина Салимзода ҳамагонро бо Рӯзи қабули Конститутсия таҳният гуфта, аз ҷумла афзуд, ки Конститутсия арзиши бунёдии ҳуқуқӣ мебошад ва он дар натиҷаи ислоҳоти конститутсионии доиргардида, ки натиҷаи он демократикунонии минбаъдаи ҳаёти сиёсию иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистон гардид, мавқеи сиёсию ҳуқуқии худро мустаҳкам намуд ва навкунии сифатии давлат ва ҷомеаи мо, институтҳои демократӣ, низоми сиёсӣ ва идоракунӣ дар зарфи 31 сол дар заминаи қатъӣ конститутсионӣ ба амал бароварда шуданд.
Бинобар ин, ҷиддан баланд бардоштани аҳамият ва нақши Конститутсияи мамлакат дар низоми давлатдорӣ, аз ҷумла низоми сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, аз боз ҳам боло рафтани ҳаёти ҷамъиятӣ–сиёсӣ ва давлатӣ, ташаккули шуури оммавии конститутсионӣ, ҷамъиятӣ ва фардӣ, фарҳанги конститутсионӣ-ҳуқуқӣ, ки дар маҷмӯъ талаботи объективӣ ва аввалиндараҷаи ҷомеаи Тоҷикистон, инчунин тамоюл ва шартҳои пешравии иҷтимоӣ ва ҳуқуқи замони муосир мебошад, вобастагии амиқ дорад. Ҳамин аст, ки бо ҳидояту раҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи шарифу қаҳрамони тоҷик аз нахустин рўзҳои Истиқлолият дар раванди барқарорсозӣ ва ташаккули пояҳои давлату давлатдории навин, таъмини амнияту оромии ҷомеа, суботи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар саъю талоши бесобиқа анҷом дода, дар тўли 31 соли соҳибистиқлолӣ ба хотири ободии ватан раванди созандагӣ, яъне бунёди неругоҳу нақбҳо, корхонаву муассисаҳо ва роҳҳои мошингарди ҷавобў ба меъёрҳои байналмилалиро пеш гирифт.
Мавсуф доир ба аҳамияти қабули Конститутсия ва дар асоси он таҳия шудани қонунҳо андешаронӣ намуда, аз ҷумла афзуд, ки қабули Конститутсияи нав дар рӯзҳои баргузории Иҷлосияи тақдирсоз пеш аз ҳама барои Тоҷикистон аҳамияти дохилии ҳуқуқтаъсискунӣ, меъёрмуқарраркунӣ ва танзимнамоӣ дошт.
Зикр гардид, ки дар тўли ин солҳо Конститутсия тавонист ифодагари манфиатҳои халқи тоҷик бошад ва тоҷиконро дар арсаи олам муаррифӣ бисозад. Он барои сулҳу салоҳ ва ба ваҳдати комил расидани тоҷикон нақши муҳим бозид. Ин хуҷҷати тақдирсоз аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ дар шумори панҷ Конститутсияи беҳтарину мардумитарини давлатҳои узви Созмони Амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо номбар гардидааст.
Қабули Конститутсия арзишмандтарин дастоварди мардум ва давлати тоҷикон дар интиҳои асри гузашта ба шумор рафта, бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шудани ин санади сарнавиштсоз, нишонаи ҳисси баланди масъулияти шаҳрвандони мо нисбат ба ояндаи худ, тақдири минбаъдаи давлат ва ифодаи рўҳияи ватандўстиву худшиносии мардум гардид. Тавре Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои хеш баён доштанд: «Қабули Конститутсия имконият дод, ки дар мамлакат сулҳу субот барқарор шуда, ҳаёти ҷомеа ба маҷрои осоишта равона карда шавад, қонунияту тартибот барқарору ҳукмрон гардад ва дар ин замина барои рушди соҳаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва фарҳангу маънавиёт шароити мусоид фароҳам оварда шавад».
Дар чорабинӣ роҳбари ташкилоти ҷамъиятии "Авангард" дар шаҳри Хуҷанд низ баромад намуд.
Сипас хонандагони муассисаҳои таълимӣ гуфтору шеърҳо дар васфи Конститутсия ироа намуданд. Саҳначаи тарбиявӣ низ намоиш дода шуд.
Суруду таронаҳои ҷолиб ва рақсҳои мавзун ба чорабинӣ ҳусни дигар зам намуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







