04 Ноябрь 2025
Недоступен ни однин перевод.
3 ноябри соли 2025 Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба дидорбинии Шоири халқии Тоҷикистон Фарзонаи Хуҷандӣ рафтанд.
Раиси вилоят зимни мулоқот Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Фарзонаро ба муносибати рӯзи мавлудаш самимона табрик гуфта, ба ӯ тандурустии бардавом ва саодати рӯзгорро таманно намуд.
Таъкид гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушду нумуи фарҳанг ва адабиёти миллӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст ва давлату Ҳукумат ҳамеша хизматҳои аҳли илму адабро қадр менамояд.
Зикр шуд, ки Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона бо ашъори пурмаъно шеъри муосири тоҷикро ҷилои тоза бахшидааст. Маҷмуаҳои шеърии ӯ, аз ҷумла “Барги сабз”, “Тулӯъи хандарез”, “Шабохуни барқ”, “Ояти ишқ”, “То бекаронаҳо”, “Меъроҷи шабнам”, “Қатрае аз Мӯлиён”, “Як ғунча роз”, “Муҳри гули мино”, “Сад барги ғазал”, “Саду як ғазал”, “Себарга”, “Парниёни ҷон”, “Ҳама гул, ҳама тарона”, инчунин девонҳои “Найшакар”, “Найсон”, “Ношири баҳор”, “Арғунуни офтоб”, “Модарнома” ва чандин китобҳои дигар дар дохил ва хориҷи кишвар бо истиқболи гарми хонандагон рӯ ба рӯ шудаанд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода саҳм ва хизматҳои шоёни Фарзонаро дар рушди адабиёти муосири тоҷик арзишманд арзёбӣ карда, изҳори боварӣ намуд, ки эҷодиёти пурмазмуни ӯ минбаъд низ барои тарбияи маънавии ҷомеа ва таҳкими худшиносии миллӣ хизмат хоҳад кард.
Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона барои ҳусни таваҷҷуҳ ба роҳбарияти олии кишвар миннатдории худро изҳор дошт.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







