01 Ноябр 2025
Имрӯз ба иштироки Раиси вилояти Суғд, Раиси федератсияи футболи вилоят Раҷаб Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бо иштироки аҳли сокинони маҳаллаи “Раззоқ” ва собиқадорони соҳаи варзиш дар МТМУ №27 майдончаи варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки майдончаи варзишии навбунёд дар дохили муассисаи таълимӣ бо иқдоми Федератсияи футболи вилоят, соҳибкорони ватанӣ ва дастгирии волидайн дар доираи корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи талаботи меъёрҳои муосири сохтмонӣ сохта шуда, майдони умумии масоҳати он 550 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Раиси вилояти Суғд, Раиси федератсияи футболи вилоят Раҷаб Аҳмадзода ба иҷрои корҳои сохтмонӣ ва иқдоми наҷибу созандаи соҳибкорони ватанӣ баҳои баланд дода, ба роҳбарияти муассисаи таълимӣ, масъулин ва собиқадорони соҳаро ҷиҳати тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва оммавигардонии варзиш, хусусан миёни ҷавонону наврасон ҳидоят намуд.
Аз ҷумла таъкид шуд, ки ин ҳама ободкориҳо бо дастгирии Асосгузору сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯйи кор омада, аз насли ояндасози кишвар даъват ба амал овард, ки аз чунин имкониятҳои мусоид васеъ истифода намоянд, то ҳама намуди варзиш, аз ҷумла футбол дар шаҳр рушди ҳамаҷониба пайдо намояд.
Зикр шуд, ки соҳаи варзиш чун омили камолоти ҷисмонӣ ва тавоноии мардуми диёр пазироӣ ва мавриди таваҷҷўҳу эътибор қарор дода шудааст. Воқеан, варзиш дар ҳар давру замон қосиди сулҳу дўстӣ ва муаррификунандаи ҷаҳони маънавию солимии миллату давлат буд ва минбаъд низ боқӣ хоҳад монд.
Сипас Раҷаб Аҳмадзода ба бозии дўстонаи тими наврасон ҳусни оғоз бахшид.
Бояд қайд намуд, ки дар назди МТМУ №27 Академияи футбол таъсис ва футболбозони наврас дар ин ҷо аз нозукиҳои ин намуди варзиш бо раҳнамоии муррабиён бархурдор мешаванд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







