31 Октябр 2025
Бахшида ба ҷашни Меҳргон дар МТТ №28-и шаҳри Хуҷанд маҳфили хушҳолӣ таҳти унвони “Тирамоҳи бошукуҳ” баргузор гардид.
Дӯстрӯякон шеъру суруд ва гуфторҳоро доир ба ҷашни ниёгон-Меҳргон бо маҳорати хуб ироа намуданд.
Таъкид шуд, ки Меҳргон аз куҳантарин ҷашнҳои суннатии фарҳанги ориёиён аст ва таърихи чандҳазорсола дорад ва давоми таърих бо дину ойин ва фарҳангҳои мардумони мухталиф даромехта, дар худ розу ҳикмати офариниши гетӣ, гардиши ҷирмҳои осмонӣ ва табиат, фалсафаи некӣ ва ҷовидонагиро нигоҳ доштааст.
Меҳр номи Офтоб аст “ва чун дар ин рӯз Офтоб барои аҳли олам пайдо шуд”, ин рӯзро Меҳргон номиданд ва “то сӣ рӯзи тамом барои табақоти мардум монанди он ки дар Наврӯз гуфта шуд, ид қарор доданд. Ва барои ҳар табақе панҷ рӯз ид донистанд”.
Рӯзи 16 Меҳрмоҳ, ки меҳррӯз ном дорад, иди Меҳргон баргузор мешавад.
Дар рӯзи 16-уми Меҳрмоҳ, яъне дар Меҳргон “ҳар чизе, ки дорои сабзиш бошад, дар ин рӯз ба охири сабзиши худ мерасад ва маводи сабзиш аз он қатъ мешавад”.
Меҳргон дар таърихи мардуми фарҳангпарвари мо пас аз Наврӯзи оламафрӯз бузургтарин ҷашнест, ки омилу заминаҳои муҳимми табиӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангию маънавӣ онро то ба замони мо расонидаанд. Меҳргон ифодагари фасли заррини тирамоҳ буда, ниёгонамон онро ҳамчун шукргузорӣ барои неъматҳои табиат ва заҳмати кишоварзон баргузор мекарданд.
Маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ мо имкони эҳё кардани ҷашнҳои бостониамон – Сада, Наврӯз, Тиргон ва Меҳргонро пайдо кардем, ба онҳо чун ҷузъи арзишҳои миллии хеш умри дубора бахшидем, расман ба қонунгузории мамлакат ворид сохтем ва имрӯз дар саросари Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил менамоем.
Дар маҳфили хушҳолӣ рақсҳои ҷолиб зери навои сурудҳои ватандӯстона бо маҳорати зебо аз ҷониби тарбиятгирандгон иҷро карда шуд.
Ба кӯдакони фаъол аз ҷониби маъмурияти муассиса дипломҳо тақдим гардид.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







