29 Октябр 2025
Дар кўдакистони №14-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки тарбиятгирандагони ин муассисаи таълимӣ бо баргузории як маҳфил Иди Меҳргон таҷлил карда шуд.
Тарбиятгирандагон шеъру суруд ва таронаҳои ҷолибро доир ба Иди Меҳргон пешкаши ҳозирин намуданд.
Таъкид шуд, ки Меҳргон-маънои меҳру муҳаббат, рамзи дўстию рафоқат, бародарию ҳамдигарфаҳмиро ифода месозад. Иди Меҳргон, ки таҷлили ин ҷашн ҳамчун ойини миллии ниёгон далели эҳтиром ба фарҳанги қадимаи тоҷикон ва эҳёи арзишҳои созандаву накуи он мебошад. Аз давраҳои қадим гузаштагони мо кишоварзу боғдор буданд ва дар баробари корҳои деҳқонӣ одобу русум ва суннатҳои маънавии неку созандаро ба мерос гузоштаанд. Ба ҳукми анъана даромадани таҷлили Меҳргон ва дигар ойинҳои мардумӣ далели он аст, ки миллати куҳанбунёди тоҷик рӯ ба арзишҳои фарҳангии гузашта оварда, густариши онҳоро вазифаи бошарафи худ мешуморад.
Идома додани суннату анъанаҳои миллӣ, аз ҷумла истифодаи оқилонаи обу замин ва дигар сарватҳои табиат, дар шароити имрӯза вазифаи бисёр муҳим мебошад.
Иброз гардид, ки давоми ҳазорсолаҳо арзишҳои ин ойини мардумӣ дар тамаддуни тоҷикон решаҳои амиқ давонда, ҷанбаҳои гуногуни фарҳангиву фалсафӣ гирифтааст ва дар адабиёти оламшумули тоҷик васеъ инъикосу тавсиф шудааст.
Ёдовар мешавем, ки ҷашни Меҳргон яке аз идҳои қадимии мардуми ориёинажод буда, маҳз ба туфайли соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва талошҳои пайвастаи Пешвои миллат аз нав эҳё гардид ва тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» дар қатори дигар ҷашну идҳо ҳамчун ҷашни миллӣ дар мамлакат таҷлил карда мешавад.
Маҳфилро маъмурияти муассисаи таълимӣ мушоҳида ва ба сатҳи баргузории он баҳои баланд доданд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







