25 Октябр 2025
Cубҳи имрӯз чун анъана бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд баҳри ғанӣ ва фаровон намудани дастархони мардум дар шаҳри Хуҷанд ярмарка фуруши фаровони маҳсулоти хоҷагии қишлоқ сурат гирифт.
Дар ярмарка ба сокинони шаҳри Хуҷанд аз бозор 20-50 фисад арзиши маҳсулот пешкаш карда шуданд.
Аз ҷараёни ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода боздид намуданд.
Дар ярмарка фаровонӣ ва арзонии маҳсулот ба чашм мерасид. Тавре иттилоъ дода шуд, дар давраи 9 моҳи соли ҷорӣ кишоварзони вилоят ҷиҳати таъмини рушди соҳа тадбирҳои судманд андешиданд, ки дар натиҷа, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ба маблағи 18 миллиарду 834 миллиону 300 ҳазор сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шуд, ки суръати афзоиш нисбати ҳамин давраи соли гузашта 110,0 фоиз таъмин гардид. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳаи чорводорӣ дар ин давра 5 миллиарду 322 миллион 900 ҳазор сомонӣ ва растанипарварӣ 1 миллиарду 351 миллион 140 ҳазор сомониро ташкил намуда, суръати афзоиш мутаносибан 119,5 ва 106,7 фоизро дар бар гирифт.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







