9513
(0 овоз, миёна 0 аз 5)
24 Октябр 2025
Бо ҳадафи амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти вазъи мураккаби сиёсиву иҷтимоии ҷаҳони имрӯза, торафт афзоиш ёфтани хатару таҳдид ба мафкураи ҷомеаҳо, ки ба зиёдшавии омилҳои номатлуб дар байни аҳолӣ, хусусан ҷавонон ва дар асоси нақшаи кори муштараки сохторҳои дахлдори шаҳри Хуҷанд дар самти рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа байни омӯзгорон, хонандагон ва волидайни онҳо оид ба баланд бардоштани маърифати хукукӣ, пешгирии ҷиноятсодиркунӣ дар байни наврасону ҷавонон дар МТМУ №14- и шаҳри Хуҷанд вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Муяссара Қаҳҳорӣ, сармутахасиси шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳр Зайнура Шарипова, намояндаи шуъбаи кор бо ноболиғони ШВКД ҶТ дар шаҳри Хуҷанд Фаррух Одиназода, духтури оилавии Маркази саломатии №4 Мансур Дадобоев, роҳбари гуруҳи ҷавонони "Авангард" дар шаҳри Хуҷанд Аҳмадалӣ Сайдализода, намояндаи кор бо ҷавонон ва варзиш Қурбонсаид Болтазода ва дигарон доир ба масоили рӯзмарраи ҷомеа изҳори андеша намуданд.
Таъкид шуд, ки оила ва мактаб дар пешгирии зуҳуроти хуруфотпарастӣ нақши калидӣ дорад, зеро он нахустин мактабест, ки хишти аввали тарбия маҳз дар он ҷо гузошта мешавад ва агар ин хишт ибтидо каҷ гузошта шавад, то ба охир девори он каҷ хоҳад шуд. Дар ин самт, пеш аз ҳама, волидон бояд, ки нисбат ба раванди тарбияи фарзандон бетафовут набуда, бо онҳо кор баранд, то ки онҳо сараро аз носара фарқ карда тавонанд. Воқеан, хурофот чист ва чаро бояд аз он канораҷўи кард?
Аз нуқтаи назари таълимоти динӣ, хурофот зуҳуротест, ки аз доираи дин берун аст. Хурофот дар аксари маврид мардумро ба худ гирифтор сохта, барои ба таври пайваста баланд ва беҳтар шудани сатҳи зиндагии онҳо монеаи ҷидди эҷод мекунад. Дар мавриди хурофот баёни андешаҳо, фирку мулоҳизаҳо гуногунанд ва дар заминаи муқоисаи андешаҳои дар боби он баёншуда, мафҳуми хурофотро чунин шарҳ додан мумкин аст: “Хурофот силсилаи бовариҳо ва ақидаҳо оид ба ин ё он мавзўи хосеро меноманд, ки дар зеҳни ин ё он гурўҳи муайян, бо сабаби дар бораи он мавзўъ дониши кофи надоштанашон шакл мегирад”.
Пас, зарур аст, ки волидон ҳама гуна рафтори фарзандонро зери назорат гиранд ва маҳз ба ҳамин роҳ метавонанд дар пешгирии хуруфотпарасти нақш гузоранд. Боиси ёдоварист, ки хурофот дар зеҳни инсон дар натиҷаи ноогоҳии инсон аз робитаҳои байни ҳодисаҳо ва падидаҳои олами зуҳур намуда, аз лиҳози илми исботнашаванда аст. Дар ин росто, хулосаи мантиқи баровардан мумкин аст, ки хурофот дар кадом ҷомеае, ки набошад, бештар дар байни афроде густариш ва нуфуз пайдо мекунад, ки камтар таҳсил кардаанд ё сатҳи донишу маърифати илмиашон паст мебошад.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд
Шарҳ додан