23 Октябр 2025
Имрӯз дар гуруҳи омодагӣ ба мактаби кӯдакистони “Ғунчаи истиқлол”-и шаҳри Хуҷанд бахшида ба Иди меҳргон машғулияти кушод таҳти унвони “Меҳргон-ҷашни умумимиллист” баргузор шуд.
Машғулиятро ғолиби озмуни ҷумҳуриявии “Мураббияи соли Тоҷикистон” Парвина Абдураҳмонова бо додани маълумоти мухтасар оид ба Иди меҳргон, ҳамзамон дар ҷараёни машғулият ҷиҳати ташаккул додани тахаюлоти кӯдак нисбат ба идҳои миллӣ, муаррифии меваю сабзавоти Тоҷикистони биҳиштосо ва хусусиятҳои шифобахшии онҳо, тарбияи худшиносӣ ва хештаншиносии кӯдакон аз аёниятҳои гуногун фарвон истифода намуд.
Таъкид шуд, ки Меҳргон ҷашни тирамоҳии сол ба шумор рафта, гузаштагони мо онро ҳамчун рамзи шукргузорӣ аз неъматҳои табиат ва заҳмати кишоварзон баргузор мекарданд ва ба ин васила ба пайванди инсон ва табиат арҷ мегузоштанд.
Воқеан ҳам Меҳргон яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод буда, гузаштагонамон онро ҳамчун ситоишу ниёиши Меҳр ё Митро, рамзи аҳду паймон ва дўстиву муҳаббати ойини меҳрпарастӣ таъбир кардаанд. Меҳргон тибқи андеша ва эътиқоди ниёгони мо дар рўзи аввали моҳи Меҳр ва оғози фасли тирамоҳ таҷлил карда мешудааст.
Машғулияти кушод аз ҷониби Парвина Абдураҳмонова дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронида шуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







