23 Октябр 2025
Дар кўдакистони ба номи “Шукуфаи истиқлол”-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки тарбиятгирандагони ин муассисаи таълимӣ бо баргузории як маҳфил Иди Меҳргон таҷлил карда шуд.
Тарбиятгирандагон шеъру суруд ва таронаҳои ҷолибро доир ба Иди Меҳргон пешкаши ҳозирин намуданд.
Таъкид шуд, ки Меҳргон-маънои меҳру муҳаббат, рамзи дўстию рафоқат, бародарию ҳамдигарфаҳмиро ифода месозад. Пайдоиши иди Меҳргон бо анъанаҳои парастиши Офтоб, нур ва гармӣ алоқаманд аст. Фарде, ки аз сарчашмаи суннатҳои аҷдодӣ ғизо намегирад, аз фарҳанги қадимаву ғановатманди гузаштагон баҳравар намегардад, ба қадри таърихи бою пурифтихор ва Ватани тамаддунпарвари аҷдодӣ намерасад, чун дарахтест, ки аз решаи ҳаётбахш канда шудааст.
Таъриху фарҳанг ва тамаддуни қадимии тоҷикон собит месозад, ки ҳаёти инсоният бо олами атроф – табиату коинот робитаи ногусастанӣ дошта, ниёгони мо аз қадимулайём барои арҷгузорӣ намудан ба неъматҳои табиат маросиму ҷашнҳои гуногун баргузор мекардаанд.
Маҳз дар муҳити ориёитаборон ба вуҷуд омадани Садаву Наврӯз ва Тиргону Меҳргон бо расму ойинҳои рангорангу қадимаи онҳо, ки ба як ҷузъи ҷудоинопазири ҳувияти миллии тоҷикон табдил ёфтаанд, далели возеҳи ин гуфтаҳост.
Ҳар кадоме аз ин ҷашнҳо дар фаслҳои гуногуни сол таҷлил гардида, хусусиятҳои табиии онҳоро ифода менамоянд.
Меҳргон ифодагари фасли заррини тирамоҳ буда, ниёгонамон онро ҳамчун шукргузорӣ барои неъматҳои табиат ва заҳмати кишоварзон баргузор мекарданд.
Бунёдгузории ҷашни Меҳргонро ба шоҳи пешдодӣ – Фаридун нисбат медиҳанд.
Чорабиниро маъмурияти муассисаи таълимӣ мушоҳида намуда, ба сатҳи баргузории он баҳои баланд дод, аз ҷумла зикр доштанд, ки Меҳргон ба монанди Наврӯз таҷассуми суннатҳои неки инсонист, ки файзу баракати хони пурнеъмати кишоварзонро инъикос менамояд. Ан ин рӯ ҷашни мазкур ҳар сол бо шукӯҳу шаҳомати хосса дар мамлакат таҷлил карда мешавад. Меҳргон воқеан ҳам ҷашни мардумӣ буда, маҳбубияти он аз замонҳои бостон то ба рӯзгори мо расидааст.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







