07 Феврал 2015
Аз субҳи имрӯз сокинони маркази вилоят бо мақсади ҳалли мушкилоти зиндагии худ ба Раҷаббой Аҳмадзода муроҷиат намуданд.
Бештари муроҷиаткунандагон доири таъмини қитъаи замини наздиҳавлигӣ буд, ки вобаста ба он 20 нафар дархост намуданд.
Ҳамчунин 5 нафар собиқадорони меҳнат бошад барои мусоидати сафар ва ба ҷо овардани маросими ҳаҷ муроҷиат намуданд. Барои ройгон барқарор намудани саломатӣ ва табобат бошад 3 нафар сокинон аз Раиси шаҳри Хуҷанд кӯмак хостанд. Ҳамзамон шаҳрвандон ҷиҳати расондани кӯмак барои сохтмони манзил, баҳси замин ва манзил, таъмин бо ҷойи корӣ, харидорӣ намудани аробачаи маюбӣ ва ғайраҳо муроҷиат намуданд. Дар умум аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода арзи зиёда аз 50 нафар бошандагони Хуҷандшаҳр шунида шуд.
Раҷаббой Аҳмадзода ба тамоми роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва кормандони масъули Мақомоти иҷроия ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд таъкид намуд, ки бо назардошти зиёд будани теъдоди муроҷиаткунандагон барои таъмини замини наздиҳавлигӣ аст, бояд нисбати риояи навбат, фаъолияти комиссяи ҷамъиятӣ, сари вақт қабул намудани ҳуҷҷатҳои лозима,ҳамчунин фаҳмондани қонунҳои мавҷуда доири ин масъала эътибори ҷиддӣ диҳанд.
«Бояд ҳар як шаҳрванд сабаб ва натиҷаҳои ҳалли мушкилотро дона два аз натиҷаҳои қаноатманд бошад»- дастур дод Раиси шаҳри Хуҷанд.