23 Октябр 2025
Бахшида ба ҷашни Меҳргон дар МТТ №22-и шаҳри Хуҷанд маҳфили хушҳолӣ таҳти унвони “ИДИ МЕҲРГОН-РАМЗИ ЭҲТИРОМ БА МЕҲНАТ ВА ИНСОН” баргузор гардид.
Дӯстрӯякон шеъру суруд ва гуфторҳоро доир ба ҷашни ниёгон-Меҳргон бо маҳорати хуб ироа намуданд.
Таъкид шуд, ки Меҳргон аз куҳантарин ҷашнҳои суннатии фарҳанги ориёиён аст ва таърихи чандҳазорсола дорад ва давоми таърих бо дину ойин ва фарҳангҳои мардумони мухталиф даромехта, дар худ розу ҳикмати офариниши гетӣ, гардиши ҷирмҳои осмонӣ ва табиат, фалсафаи некӣ ва ҷовидонагиро нигоҳ доштааст.
Бо соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо шарофати сиёсати фарҳангсолоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷашнҳои миллии бостонӣ дубора эҳё гардиданд. Меҳргон низ, ки садсолаҳо фаромӯш шуда буд, бо мазмуну шукӯҳи тоза эҳё ёфт ва мақоми давлатӣ гирифт. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ таъкид кардаанд: «Мардум бояд ба заҳмати худ ифтихор намоянд, зеро маҳз меҳнати ҳалол Ватанро обод ва зиндагиро пурбаракат месозад». Дар ҳамин замина таҷлили Меҳргон имрӯз рамзи эҳтиром ба меҳнат, дӯстӣ, ваҳдат, муҳаббат ба инсон ва арҷгузорӣ ба неъматҳои замину осмон гардидааст. Ин ҷашн моро ба меҳрубонӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, поквиҷдонӣ ва шукргузорӣ меомӯзонад, зеро ҳар неъмат натиҷаи меҳнати ҳалол ва заҳмати инсон аст. Ҳар қатраи об, ҳар донаи гандум ва ҳар луқмаи нон арзише дорад, ки бояд қадр шавад.
Меҳргон рамзи пайванди наслҳо ва пос доштани фарҳанги миллӣ мебошад. Он ба насли ҷавон ёдрас мекунад, ки миллати тоҷик аз қадим табиатдӯст, заҳматкаш, сулҳпарвар ва адолатҷӯ буда, шукргузорӣ аз заҳмат ва баракати заминро ҳамчун оини зиндагӣ қабул кардааст. Дар ҷаҳони муосир, ки масъалаҳои муҳими экология, сарфакории захираҳои обу замин ва ҳифзи муҳити зист аҳамияти бузург доранд, паёми Меҳргон боз ҳам пурмаъно мегардад. Он моро водор месозад, ки табиатро дӯст дорем, обу заминро ҳифз кунем ва бо эҳсоси масъулият ба ҳар неъмат муносибат намоем.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







