23 Октябр 2025
Бо иқдоми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва бо мақсади гиромидошти хизмати содиқона ва ҷоннисории фарзанди шуҷоъу ватандӯсти миллат, маросими пешвози сарбози рухсатшуда Абдураҳмоналӣ Азамзода баргузор гардид.
Дар ин чорабинии пуршукӯҳ Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Мунзифа Ҷабборӣ иштирок намуда, бо суханони табрикотӣ баромад кард. Ӯ аз хизматҳои арзандаи ҷавонони тоҷик дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуда, саҳми онҳоро дар таҳкими амнияту суботи давлат баланд арзёбӣ намуд.
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд, ба сарбоз Абдураҳмоналӣ Азамзода барои адои хизмати содиқона сипоснома, инчунин ба падару модари ӯ барои тарбияи фарзанди ватандӯст раҳматнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.
Чорабинӣ дар фазои идона ва самимӣ сурат гирифт. Ҳозирин бо эҳсоси ифтихор аз фарзандони далери миллат изҳор доштанд, ки чунин иқдомҳо барои баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ миёни ҷавонон нақши муҳим мегузоранд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







