22 Октябр 2025
Аз 18 то 21 октябри соли 2025 дар маркази вилояти Суғд — шаҳри Хуҷанд, Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бокс байни калонсолон (мардон ва бонувон) бо иштироки варзишгарони тамоми минтақаҳои кишвар бо шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур беҳтарин муштзанони ҷумҳурӣ дар вазнҳои гуногун миёни ҳам рақобати шадид намуда, барои дарёфти унвони қаҳрамони кишвар мубориза бурданд. Мақсади асосии баргузории чемпионат — муайян намудани дастаи мунтахаби ҷумҳурӣ ва боло бурдани сатҳи омодагии варзишгарон барои мусобиқаҳои байналмилалӣ мебошад.
Дар маросими анҷоми чемпионат намояндагони сохторҳои давлатӣ ва варзишӣ иштирок намуданд. Аз ҷумла, Намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Қурбонзода, Сардори шуъбаи протоколи Федератсияи бокси Тоҷикистон Асламзода Алибек, Муовини сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Дилшод Давронзода, Муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Ҷамшед Набизода ва Раиси Федератсияи бокси вилояти Суғд Фирӯзҷон Азимҷонов дар чорабинӣ ҳузур дошта, иштирокчиёнро бо баргузории чемпионат табрик намуда, ба варзишгарон барори кору комёбӣ таманно намуданд.
Зикр гардид, ки бокс ҳамчун яке аз намудҳои маъмули варзиш дар Тоҷикистон мавқеи баланд дошта, варзишгарони кишвар дар мусобиқаҳои байналмилалӣ пайваста парчами давлатии Тоҷикистонро баланд мебардоранд.
Дар анҷоми чемпионат ғолибону ҷоизадорони мусобиқа муайян гардида, бо медалҳо, дипломҳо ва тӯҳфаҳои арзандаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, инчунин Федератсияи бокси Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







