18 Октябр 2025
Субҳи имрўз бахшида ба 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо ташаббуси шуъбаи хифзи муҳити зисти шаҳр тибқи супориши Роҳбарияти вилоят ва шаҳр бо ҷалби ҷавонони касбу кори гуногун Аксияи "Тозагии соҳил ва муҳити атроф" гузаронида шуд.
Ҳашарчиён асосан ду тарафи соҳили дарёи ""Сир" ва ҷӯйборҳоро аз ҳамагуна партов ва хасрӯбаю ифлосиҳо ва алафҳои худруй тоза намуданд. Дар ин ҳашари дастҷамъона беш аз 300 нафар иштирок намуда, дар тозаву хуррам ва ба обонии шаҳр саҳмгузорӣ карданд.
Ҳашарчиён ҳамчунин дар Боғи ботаникии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар шаҳри Хуҷанд корҳои ободонию тамизкориро ба анҷом расониданд.
Бояд қайд намуд, ки аксияи мазкур баҳри баланд бардоштани маърифати экологии сокинон алалхусус ҷавонону варзишгарон ҳамчун нишонаи маданияти шаҳрнишинӣ, ободу зебо нигоҳ доштани атрофи минтақаҳои сайёҳгузар ва сабзазоркунӣ амалӣ гардид.
Бояд шаҳрвандон дарк намоянд, ки дар ҳама ҳолат муҳимтарин вазифаи инсоният- ин ҳифзи муҳити зист ба ҳисоб меравад, зеро мо ҳамарўза аз ҳавои тоза нафас мекашем, ҳавои ғализ ва чиркин ба саломатии мо хавф эҷод намуда, ба бемориҳои гуногун оварда мерасонад.
Тозагию нафосат, поку озода намудани маҳали зист ва назди соҳил, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ободу хуррамгардонии диёри хеш яке аз анъанаҳои қадимаи аҷдодони шаҳри Хуҷанд ба ҳисоб рафта, он бояд дар оянда низ идома ёбад. Зеро маъруфияти «Тирози ҷаҳон» аз зебогӣ, пуртароват ва мунаваррии ин шаҳри бостонӣ аз қадимулайём сарчашма гирифта, боиси ифтихор ва сарфарозии ҳар як сокини он аст.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







