16 Октябр 2025
Тибқи нақшаи мақомоти шаҳрдорӣ дар МТМУ №8-и шаҳри Хуҷанд мулоқоти масъулин бо хонандагон ва волидайни муассисаи таълимӣ аз руйи усули "Мактаб ба мактаб" баргузор шуд.
Дар мулоқот муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Муяссара Қаҳҳорӣ, намояндаи КДАМҶТ дар шаҳри Хуҷанд Бобоҷон Мамадов, намояндаи шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳр Наргис Нурматова, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии “Авангард”-и шаҳри Хуҷанд Аҳмадалӣ Сайдализода, табиби оилавии Маркази саломатии №3 Маъсуда Ғаффорова, волидайн, омӯзгорон ва хонандагони синфҳои 9-11 иштирок намуданд.
Дар ҷараёни мулоқот мазмуну муҳтавои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак» ва «Дар бораи танзиму анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ҳамчунин пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорӣ ва шомилшавии ҷавонон ва ноболиғон ба ҳизбу ҳаракатҳо аз он ҷумла терроризму экстремизм матраҳ гардиданд.
Таъкид шуд, ки насли наврасу ҷавонони даврони соҳибистиқлолии мамлакат бояд ба қадри сулҳу субот, орому осоиштагӣ расида, якпорчагии давлати хешро ҳамчун ҷавонмардони асил ҳимоя намоянд. Чӣ хеле, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ таъкид намуданд, ки ватандӯстӣ ва амнияти миллӣ асоси сиёсати давлатии мо мебошад. Бинобар ин ҳифзи Ватан пеш аз ҳама ҳифзи манзили ҳар яки мову шумо ба шумор меравад. Агар Шумо хонандагон эҳсоси ватандӯстӣ надошта бошед, аз зебоии манзили худ, кишвари худ ва Ватани азизамон фахр карда наметавонед.
Зикр гардид, ки тарбияи фарзанд яке аз рисолатҳои арзандае буда, волидайн вазифадоранд, ки ба таълиму тарбияи фарзанд пурра машғул шаванд. Дар вақташ ба дарсҳо иштироки фаъолона доштан, аз дарс нагурехтан, ба муассиса наовардани телефонҳои мобилӣ ва зарари он ба саломатии кӯдакро бояд назорат намуд.
Телефони мобилӣ ба саломатӣ, чашму асаб зарар расонида шуурнокӣ, фаҳмиш ва дарккунии хонандаро суст мегардонад.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







