16 Октябр 2025
Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд корҳои навсозӣ ва сохтмони инфрасохтори муҳими коммуналӣ бо маром идома доранд.
Дар ин замина бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода, Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода, меъморон, лоиҳакашон ва масъулони соҳаи обу корезии шаҳр лоиҳаи сохтмони шабака ва пойгоҳи партовоббардории соҳили рости шаҳри Хуҷанд муаррифӣ шуд.
Тавре масъулин иттилоъ доданд, лоиҳаи мазкур аз ҷониби ширкати “Муҳандисони ояндасоз” таҳия гардида, бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва саҳми соҳибкорони маҳаллӣ амалӣ мегардад. Мутобиқи нақша, тамоми хатти ташноб дар соҳили рости шаҳр ба масофаи 11 километр пурра навсозӣ хоҳад шуд. Барои ин лӯлаҳои қутрашон аз 800 то 1200 миллиметра насб мегарданд.
Раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода зимни шиносоӣ бо лоиҳа ба масъулин дастур дод, ки ҳангоми таҳияи нақша ва оғози корҳои сохтмонӣ талаботи муҳандисиву техникии замони муосир пурра ба инобат гирифта шавад. Ӯ таъкид намуд, ки корҳои сохтмонӣ бо сифати баланд ва дар муҳлатҳои муқарраргардида анҷом дода шаванд, зеро иншооти мазкур аҳамияти муҳими иҷтимоӣ дошта, бояд солҳои зиёд ба сокинон хизмат расонад.
Бояд тазаккур дод, ки то ба имрӯз корҳои сохтмонӣ барои навсозии хатти ташноби маҳаллаҳои 4-уму 5-ум ва хиёбони Раҳмон Набиев оғоз гардидаанд. Иваз намудани қубурҳои кӯҳна бо қубурҳои нави ҳаҷман калон ва устувор имкон медиҳад, ки шабакаи ташноб ба талаботи афзояндаи аҳолӣ ҷавобгӯ бошад.
Дар баробари навсозии хатти ташноб, дар шаҳри Хуҷанд татбиқи лоиҳаҳои муҳими дигар низ ба роҳ монда шудааст, ки ҳадафаш беҳтар намудани таъминоти оби нӯшокӣ мебошад. Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо лоиҳаи “Хатти обрасонӣ аз чашмаи Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов ба шаҳри Хуҷанд” шинос гардид. Тибқи нақша, оби нӯшокӣ тавассути қубур ба дарозии беш аз 17 ҳазору 560 метр ба маҳаллаҳои навбунёди 1 ва 3-юми шаҳри Хуҷанд интиқол дода мешавад.
Зимни шиносоӣ таъкид гардид, ки бо зиёд гардидани аҳолии шаҳр, афзоиши биноҳои баландошёна, бунёди маҳаллаҳои нав ва афзудани шумораи корхонаю муассисаҳо, талабот ба оби нӯшокӣ ва хизматрасонии коммуналӣ рӯз то рӯз меафзояд. Аз ин рӯ, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд лоиҳаҳои муҳимми обрасонӣ ва обтозакунӣ пай дар пай амалӣ мегарданд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода аз масъулин ва пудратчиён тақозо намуд, ки ба сифати корҳои сохтмонӣ ва истифодаи таҷҳизоти босифат таваҷҷуҳи хоса равона созанд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







