16 Октябр 2025
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Мунзифа Ҷабборӣ, гурӯҳи фаъолзанони шаҳр ва намояндагони ташкилотҳои ибтидоӣ, вохӯрии тарғиботӣ тариқи “хона ба хона” баргузор гардид.
Ҳадафи асосии ин иқдом баланд бардоштани сатҳи огоҳии шаҳрвандон, хусусан волидон ва ҷавонон, оид ба аҳамият ва шарафи хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар рафти вохӯрӣ ба сокинон фаҳмонида шуд, ки хизмат ба Ватан на танҳо қарзи шаҳрвандӣ, балки нишонаи муҳаббат ва садоқат ба Модар — Ватан аст.
Иштирокчиён зимни суҳбатҳо таъкид доштанд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мактаби мардонагӣ буда, барои ҷавонон таҷрибаи муҳими ҳаётӣ ва имконияти саҳмгузорӣ дар ҳифзи амнияти давлат мебошад.
Дар доираи вохӯрӣ ба ҳар як хонадон варақаҳои иттилоотӣ ва маводи фаҳмондадиҳӣ оид ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ тақсим карда шуданд.
Ин иқдоми маърифатӣ дар доираи татбиқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, ба таҳкими рӯҳияи ватандӯстии ҷавонон ва эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ мусоидат менамояд.
Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд изҳор доштанд, ки чунин вохӯриҳо минбаъд низ идома ёфта, тамоми маҳаллаҳо ва оилаҳои ҷавонро фаро хоҳанд гирифт.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







