15 Октябр 2025
Имрӯз дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 шаҳри Хуҷанд ба номи Зайниддин Осимов машварати доимоамалкунандаи муовинони директор оид ба таълим ва тарбия баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 45 муовинони муассисаҳои шаҳр иштирок намуданд.
Дар машварат мудири шуъбаи маорифи шаҳр Мадина Салимзода ва мудири кабинети методӣ Сурайё Файзиева иштирок намуданд.
Аз тарафи омӯзгорони муассиса 10 дарси кушоди намунавӣ гузаронида шуд. Аз тарафи муовинон дарсҳо таҳлил карда шуда баҳои баланд дода шуданд.
Мудири шуъбаи маориф Мадина Салимзода дар машварат баромад намуда, ёдовар шуд, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» боб ва моддаҳои дахлдор оид ба уҳдадориҳои падару модарон омадааст, ба ҳамаи падару модарон дастрас намуда дастхати онҳо оид ба шинос шудан бо ин қонун гирифта шавад.
Мудири кабинети методӣ Сурайё Файзиева дар бораи масъалаҳои муҳими методӣ аз ҷумла оиди камбудии журналҳои синфӣ, нақшаҳои корӣ ва нақшаҳои дурнамои курси такмили ихтисос ва аттестатсияи омӯзгорон андешаронӣ намуда, баҳри ислоҳ намудани камбудиҳо пешниҳод ва таклифҳои мушаххас намуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







