(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt

Соҳибкорони Хуҷанд дар сафи пеши ҷомеа

Соҳибкорони саховатпеша, ҳамшаҳриёни гиромӣ!

Соҳибкорӣ яке аз самтҳои муҳими пешрафти кишвар ба ҳисоб рафта, ба рушди он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намуда, баҳри дастгирии он тадбирҳои муҳим пешбинӣ кардаанд, ки дар қонуни махсус зикр ёфтааст.

Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ» омадааст, ки ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақоми ваколатдори давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ амалӣ карда мешавад. Татбиқи чорабиниҳои пешбининамудаи барномаҳои давлатӣ ва ҳудудии рушди соҳибкорӣ мутобиқ ба ҳамин қонун равона карда шудааст.
Соҳибкорони гуногунсоҳаи шаҳри Хуҷанд аз ҳуқуқҳои конститутсионии хеш истифода намуда, барои рушди бемайлони соҳибкорӣ талош варзида истодаанд. Аз ҷониби давлат ҳамаи шароити зарурӣ, инфрасохтори мукаммал, захираҳои фаровони табиӣ, потенсиали кадрӣ, фазои мусоиди сармоягузорӣ фароҳам оварда шудааст.
Баҳри дастгирӣ ва гиромидошти шоистаи соҳибкорони ватанӣ бо ташаббусу эҳтимоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қаламрави кишвар рўзи 14-уми октябр ҳамчун Рўзи соҳибкорон таҷлил карда мешавад.
Ба ин муносибат аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд кулли соҳибкорони бонангу номуси Ватанро бо иди касбӣ – Рўзи соҳибкорон муборакбод намуда, барояшон тани сиҳату хотири ҷамъ, рўзгори ободу осуда ва дар иқдому ташаббусҳои пурифтихорашон баҳри ободию пешрафти кишвари азизамон муваффақиятҳои беназир хоҳонам.
Соҳибкорони сарбаланди шаҳри бостонии Хуҷанд дар дои-раи нақшаи чорабиниҳо барои истиқболи шоистаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо бунёди корхонаҳои саноатӣ, иншооти таъйиноташ гуногуни соҳаҳои хоҷагии халқ машғуланд, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи некўаҳволии мардум заминаи воқеӣ мегузорад ва ҳамзамон, ба ҳусни нотакрори шаҳр шукўҳу шаҳомати хоса зам месозад.
Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати ба рушди иқтисодиёт нигаронидашуда, барои шароити мусоид муҳайё намудан ба ҳама намуди фаъолияти соҳибкорӣ корҳои рўзафзун ба роҳ монда шуда, дар натиҷа теъдоди соҳибкорони инфиродӣ дар шаҳр ба 8729 нафар расидааст, ки нисбат ба ҳамин даври соли сипаригашта 496 нафар зиёд мебошад. Аз миқдори умумии соҳибкорони инфиродӣ 3458 нафар бо патент, 2399 нафар бо шаҳодатнома, 2871 нафар бо шаҳодатнома бо шартҳои махсус ва як хоҷагии деҳқонӣ фаъолият мебаранд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд минбаъд низ бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода иқдоми нек ва ташаббусҳои созандаи соҳибкорону сармоягузоронро дастгирӣ карда, барои амалишавии мақсаду мароми онҳо шароити заруриро муҳайё менамояд.
Итминони комил дорам, ки бо азму талоши соҳибкорони ватандўсту меҳанпараст минбаъд низ дар шаҳр корҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза гирифта, ватани маҳбубамон – Тоҷикистон ба як кишвари пешрафта табдил меёбад.
Рўзи иди касбӣ муборак, соҳибкорон!

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...