(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрӯз бахшида ба 34 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гимназияи №1-и ба номи Раҳим Ҷалили шаҳри Хуҷанд ҳамоиши идона баргузор шуд.

Сарвари гимназия Манзура Муинзода хонандагон ва омӯзгоронро бо фарорасии Рӯзи Истиқлоли давлатӣ табрику таҳният гуфта, аз ҷумла афзуд, ки аҳамияти Рӯзи Истиқлолият он барои ҳар халқу миллат мафҳуми калидӣ мебошад, зеро бе он ҳуқуқу манфиатҳои шахсӣ ва миллиро ҳифзу пешбарӣ намудан хеле душвор аст. Хушбахтона, 34 сол қабл аз ин мардуми тоҷик аз ин неъмати бебаҳо бархурдор гардид, ки он имрӯз мояи сарбаландӣ ва ифтихори мардуми тоҷик аст. Истиқлолият падидаи муҳиме дар ташаккули давлати муосири тоҷикон мебошад. Новобаста аз мушкилиҳое, ки Тоҷикистон дар давраи аввали соҳибистиқлолӣ дучори онҳо шуд, ҳукумати мамлакат ва мардуми ватандӯсту меҳнаткаши тоҷик тавонист ба дастовардҳои назарраси иқтисодӣ-иҷтимоӣ ноил гардад. Албатта, дастоварди муҳимтарин- ин Ваҳдати миллӣ мебошад, ки асоси ҳамаи дастовардҳои дигари даврони истиқлолият маҳсуб шуда, бо заҳмату талошҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Танҳо пас аз барқарорсозии сулҳу субот ва таъмини фаъолияти бонизоми соҳаҳои фалаҷгардидаи ҳокимияти давлатӣ имконият пайдо шуд, ки ба масъалаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат диққат дода шавад.
Шуруъ аз соли 2000 Тоҷикистон бо шарофати сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат ба ислоҳоти соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт рӯ овард. Дар ин давра аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар самти тақвияти низоми идоракунии давлатӣ, рушди неруи инсонӣ, таъмини сифати рушди иқтисоди миллӣ ва суботи молиявӣ ислоҳоти зарурӣ гузаронида шуд. Ҳамчунин мукаммал гардонидани маъмурикунонии андоз, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, рушди инноватсионии бахши воқеии иқтисодиёт ва саноатикунонии бусуръати мамлакат аз ҷумлаи иқдоми ин давра мебошанд.
Таъкид шуд, ки дар шароити ниҳоят ҳассос ва ноорому пуртаҳаввули ҷаҳони имрӯза ва афзоиши таҳдиду хатарҳои муосир ба истиқлолу озодӣ, суботи сиёсӣ ва амнияти ҷомеаи башарӣ мо бояд муттаҳиду сарҷамъ шуда, тамоми саъю талошро ба ободии Ватани азиз ва рушди минбаъдаи Тоҷикистони соҳибихтиёр ва соҳибистиқлол равона созем.
Маҳз таҳти роҳбариву роҳнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар натиҷаи заҳмати содиқонаву ватандӯстонаи сокинони сарбаланди мамлакат пойдевори давлати навини тоҷикон ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ гузошта шуд, мамлакати мо дар арсаи ҷаҳон эътироф гардид ва муҳимтар аз ҳама, барои пешрафти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва боз ҳам беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд.
Бемуҳобот Истиқлолият барои мардуми куҳанбунёди тоҷик арзиши муқаддасу сарнавиштсоз буда, таҳти парчами он хурду бузурги мамлакат барои тақвияти пояҳои давлатдории навин бо азму талоши ватандӯстона заҳмат мекашанд ва дар ҷодаи расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат ба дастовардҳои бесобиқа ноил гардидаанд. Зеро ҳадафҳои стратегии миллӣ заминаҳои бунёдии рушди устувору босуботи давлат ва шарти муҳимтарини болоравии сатҳи некӯаҳволии сокинон ба шумор мераванд.
Сипас барномаи фарҳангии ватандӯстонаи муҳассилини гимназия ба чорабинӣ ҳусни анҷом бахшид.

Дар иртибот ба ин, имрўз 53 нафар кормандони касбу кори гуногун, аз қабили кормандони мақомоти давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, омўзгору табиб, бинокору роҳсоз ва даҳҳои дигарон баҳри саҳми арзанда гузоштан ба пешрафту ободонии вилоят ва шаҳрамон бахшида ба таҷлили 34- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ифтихорномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд сарфароз гардонида мешаванд.
Изҳори умедворӣ карда шуд, ки эътимоди комил дорам, ки мо бо ҳисси баланди шаҳрвандӣ ва ифтихори ватандорӣ, ба хотири ҳифзи истиқлолу озодии Ватан, дар ҳамдастию шукргузорӣ аз соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамон ҳамаи имкону тавонмандиамонро минбаъд низ ба кор бурда, ҷиҳати иҷрои пурраи ҳадафҳои ба нақша гирифташуда, баҳри сазовор таҷлил намудани ҷашни бузурги миллиамон 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷидду ҷаҳд менамоем, зеро қудрати мо дар ҳамдигарфаҳмӣ, дўстӣ, бародарӣ ва Ваҳдат аст.
Сипас, дар вазъияти тантанавӣ ба 53 нафар фаъолони шаҳр Ифтихорномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд тақдим карда шуд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...