(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори хурди Кохи фарҳанги «Суғдиён» маросими супоридани Ифтихорнома ба фаъолони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд бахшида ба таҷлили Рўзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ва муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ баргузор гардид.

Муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ Паёми табрикотии Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирин расонд, ки дар он аз ҷумла қайд карда шуд, ки дар сиёсати давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадршиносӣ намудани хизматҳои фарзандони барўманд ва хизматнишондодаи Ватан, онҳое, ки бо меҳнати босубот ва фидокоронаашон дар бунёди ҷомеаи навини кишвар ва рушди соҳаҳои он саҳми назаррас гузоштаанд, ҷойгоҳи хоса дорад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар партави иқдомҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолони соҳаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоии вилоятро барои хизматҳои шоиста ва дастовардҳои меҳнатӣ дар соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти вилоят ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ бо Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сарфароз мегардонад.
Сипас, Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Фирдавс ҳамагонро бо фарорасии Истиқлоли давлатӣ таҳният гуфта, аз ҷумла афзуд, ки Истиқлолият ганҷи бебаҳо, мояи ифтихор, манбаи худшиносӣ, сарчашмаи нерўбахш ва омили бунёдии таҳкиму тақвияти пояҳои давлатдории миллии мо мебошад. Зеро маҳз Истиқлолият ба мо имконияти таърихие фароҳам овард, ки Ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии худро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем ва зиндагии орому осуда ба сар барем.
Раиси шаҳр гуфт, ки агар ба марҳилаи рушди соҳибистиқлолии мамлакатро назар афканем, густариши сулҳ ва таҳкими ваҳдати миллӣ, рушду инкишофи тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар ва дар маҷмўъ дар арсаи байналмиллалӣ ҳамчун кишвари мустақил арзи ҳастӣ кардани Тоҷикистони азиз, аз сиёсати созандаву оқилонаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон далолат мекунад.
Имрӯзҳо дар тамоми гўшаву канори кишвари азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол, аз ҷумла маркази вилояти Суғд -шаҳри Хуҷанд низ бо дастгирӣ ва ғамхориҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода, корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва ободонӣ ҳамарўза вусъати тоза гирифта, дар партави соҳибистиқлолии Ватани азизамон ба мо муяссар гардид, ки ба дастовардҳои назаррас ноил гардем.
Боиси ифтихору сарбаландист, ки бо заҳмати якҷояи халқи Хуҷанди бостонӣ нақша чорабиниҳои бунёдкориву созандагиҳо бахшида ба 35 солагии Истиқлоли давлатӣ пурраву барзиёд иҷро гардида, то ба имрӯз беш аз 1000 иншооти таъиноташ гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Ҳамчунин, бо шукргузорӣ метавон қайд намуд, ки имрўзҳо амалҳои нек ва ободониву созандагӣ вусъати нав ёфта, таъсиси корхонаву коргоҳҳои саноатӣ, бо санъати баланди меъмории муосири миллӣ бунёди иншооту биноҳо, муассисаҳои иҷтимоӣ, таъмиру азнавсозии роҳҳо ва таҷдиду азнавсозии хиёбону кўчаҳо ба истиқболи 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бомаром идома дошта, барои таъмини зиндагии шоистаи мардум заминаи мусоид фароҳам оварда шуда истодааст. Ҳамаи ин ободиву пешравиҳо ва созандагиву бунёдкориҳо аз азму иродаи қавӣ ва меҳнати аҳлонаи сокинони Хуҷандшаҳру соҳибкорони ватандўст, кормандони ташкилоту муассисаҳо ва корхонаю идораҳои шаҳр мебошад, ки имрўз заҳмати онҳо аз ҷониби давлату Ҳуқумат қадрдонӣ мегардад.
Дар иртибот ба ин, имрўз 53 нафар кормандони касбу кори гуногун, аз қабили кормандони мақомоти давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, омўзгору табиб, бинокору роҳсоз ва даҳҳои дигарон баҳри саҳми арзанда гузоштан ба пешрафту ободонии вилоят ва шаҳрамон бахшида ба таҷлили 34- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ифтихорномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд сарфароз гардонида мешаванд.
Изҳори умедворӣ карда шуд, ки эътимоди комил дорам, ки мо бо ҳисси баланди шаҳрвандӣ ва ифтихори ватандорӣ, ба хотири ҳифзи истиқлолу озодии Ватан, дар ҳамдастию шукргузорӣ аз соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамон ҳамаи имкону тавонмандиамонро минбаъд низ ба кор бурда, ҷиҳати иҷрои пурраи ҳадафҳои ба нақша гирифташуда, баҳри сазовор таҷлил намудани ҷашни бузурги миллиамон 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷидду ҷаҳд менамоем, зеро қудрати мо дар ҳамдигарфаҳмӣ, дўстӣ, бародарӣ ва Ваҳдат аст.
Сипас, дар вазъияти тантанавӣ ба 53 нафар фаъолони шаҳр Ифтихорномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд тақдим карда шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...